Ҷанг дар Бағлон. "Нерӯҳои Ҷабҳаи мувоқимат "Толибон"-ро ба ақибнишинӣ водор кардаанд"
Бино ба гузоришҳо, дар вилояти Бағлон ҷанг миёни нерӯҳои муқовимати миллии Афғонистон ва Толибон оғоз шудааст. Ҷангҷӯёни Толибон бо талафоти зиёд маҷбур шудаанд, аз ин мавзеъ ақибнишинӣ кунанд.
Дар ин бора оҷонси хабарии русии ТАСС бо такя ба манобеи худ рӯзи 12 сентябр иттилоъ додааст.
Ба навиштаи ин оҷонсӣ, ҷанг миёни нерӯҳои муқовимат ва ҷангҷӯёни Толибон рӯзи якшанбе дар мавзеи Пули Ҳисори водии Андароби Бағлон шуруъ шудааст. Бо додани талафот Толибон маҷбур шудаанд, ин мавзеъро тарк кунанд, вале ҳанӯз даргириҳо идома дорад.
Ҷангҷӯёни Толибон баҳори имсол, пас аз он ки Амрико эълон кард, нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мекашад, амалиёти ғасби минтақаҳаро дар ин кишвар оғоз карданд. Рӯзи 15-уми август раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон гурехт. Толибон бидуни ҷанг шаҳри Кобулро ишғол карданд.
Сари кор омадани гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистон, ки аз ҷониби СММ ва аксар кишварҳои ҷаҳон мамнӯъ ва террористӣ шинохта шудааст, боиси эҷоди нигарониҳои ҷиддӣ аз ояндаи ин кишвар ҷангзада шуд.
Муборизаи Ҷабҳаи миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дар водии Панҷшер бо ҷангиёни Толибон 11 рӯз аст идома дорад. Танқидҳо аз СММ ва бархе кишварҳо то рафт баландтар садо медиҳад, ки афғонистониёни сулҳхоҳро бо таҳдиди «Толибон» танҳо гузоштаанд.
«Толибон» дар замони ҳукмронии солҳои 1996-2001 шеваи бисёр сахту бераҳмонаи раҳбариро пеша карда, аз ҷумла, ба хушунату куштор гунаҳкор мешаванд. Раҳбарияти гуруҳ мегӯяд, сиёсати онҳо тағйир кардааст, вале сокинону ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳодисаҳои рӯзҳои охир дар шаҳрҳои Афғонистон баёнгари чизи дигарест.