Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2021

160 ҳазор еврои ИА ба 5 ҳазор фирориёни афғон дар Тоҷикистон

0
160 ҳазор еврои ИА ба 5 ҳазор фирориёни афғон дар Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, барои кӯмак ба паноҳҷӯёни Афғонистон дар хоки Тоҷикистон 160 ҳазор евро кӯмаки башарӣ ихтисос медиҳад. Дар иттилоияи ин ниҳод аз рӯзи 14-уми сентябр гуфта мешавад, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, то 5 ҳазор фирориён аз Афғонистон паноҳ бурдаанд. Қаблан вазири умури дохилии Тоҷикистон  гуфт, ки  80 хонавода аз Афғонистон бо фарзандони худ "аз тарсу ваҳми қасди кушторашон" мехоҳанд, ба кишвар ворид шаванд. Рамазон Раҳимзода рӯзи 1-уми сентябр гуфт, онҳо дар "минтақаи дахлнопазир"-и сарҳад ҳастанд.  Минтақаҳои "ҳоил" ё "дахлнопазир" асосан дар сарҳади вилояти Хатлони Тоҷикистон бо вилоятҳои Тахор, Кундуз ва Балхи Афғонистон ҷойгиранд.

Эълони ИА дар бораи кӯмаки башарӣ ба паноҳҷӯён дар Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки Рамазон Раҳимзода дар ҳамон мулоқоташ бо Мулугета Зевди, роҳбари намояндагии Комиссари олии Созмони Милал оид ба паноҳандагон (UNHCR) аз набуди ёриҳои байналмилалӣ барои кӯмак ба фирориёни кишвари ҳамсоя дар давоми «20 соли гузашта» шикоят карда инро сабаби аслии дасткӯтаҳии ҳукумати Тоҷикистон дар ёрӣ ба ин қишри осебпазир номида буд. Ҳарчанд гуфтааст, ки  дар ҳоли ҳозир ҷониби Тоҷикистон бо ҳадафи бунёди урдугоҳ барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон, дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритус, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 гектар замин ҷудо кардааст.

Дар изҳороти ахири ИА аз рӯзи 14-уми сентябр омадааст, ки кӯмакҳои пулии ин ниҳод  барои таъминоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрокворӣ, хайма ва ашёи рӯзгор, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти бештари фарориён  дар ҳафт дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон равона мешавад. Ин маблағгузорӣ як қисми саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ба "Фонди ҳолатҳои фавқуллода" (DREF) мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) идора карда мешавад.

Дар изҳороти ИА бо такя ба UNHCR – Дафтари СММ дар умури паноҳандагон  пешбинӣ шудааст, ки «то охири соли 2021 метавонад дар Тоҷикистон то 50 ҳазор гуреза сабти ном шавад». Тоҷикистон бо Афғонистон 1357 километр марзи муштарак дорад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

Студенты Академии Игоря Крутого раскрыли свои таланты


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал об итогах чемпионата «Абилимпикс»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Карди Би

Между Карди Би и рэпершей BIA начался биф




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Среди сотрудников уголовно-исполнительной системы Республики Дагестан определили лучшего гроссмейстера

Баскетболисты из Лобни завоевали золото на турнире Moscow Open

В филиалах АО "Желдорреммаш" прошли мероприятия ко Дню защиты детей


Ролан Гаррос

Мирра Андреева обыграла представительницу Франции Грачеву на "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

Архангельская область подключается к марафону "Сила России"



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России