Созиши нави амниятии ИМА, Бритониё ва Австралия Чинро асабонӣ кард
ИМА, Бритониё ва Австралия дар бораи як созиши нави ҳамкории амниятӣ дар қораи Ҳинду Уқёнусия хабар доданд, ки мавриди интиқоди Чин қарор гирифт. Президенти ИМА Ҷо Байден, нахуствазирони Бритониё ва Австралия - Борис Ҷонсон ва Скотт Моррисон рӯзи 15-уми сентябр дар бораи созиши нав хабар доданд, ки номи AUKUS-ро гирифтааст. Дар доираи ин ҳамкориҳо табодули дифоии бештари байниҳамдигарӣ, аз ҷумла, кӯмак ба мусаллаҳсозии Австралия бо киштиҳои зериобии ҳастаӣ пешбинӣ шудааст.
Дигар бахшҳои ҳамкорӣ марбут ба маводи иктишофии маҷозӣ, интернетӣ ва зериобӣ мебошад. Ҳарсе кишвар таъкид карданд, ки Австралия фанновариҳои ҳастаиро барои киштиҳои зериобӣ ба даст оварда, вале аз паи пешбурди барномаи силоҳҳои ҳастаӣ нахоҳад буд. Ҳеҷ як кишваре, ки дар бораи шурӯи чунин як барнома хабар дод, исми Чинро ба забон наовард. Вале ба эҳтимоли ғолиб, мушорикати нави се кишвар дар Пекин ба ҳайси як иқдоми таҳрикомез арзёбӣ шудааст, чун равобити ҳарсе кишвар сари мушкилоти ҳуқуқи башар, тиҷорат ва мақоми Ҳонгконг бо Чин пуртаниш мебошад. Дар изҳороте, ки сафорати Чин дар Вашингтон нашр кард, омадааст, ки кишварҳо “набояд ташкилоте таъсис диҳанд, ки бар зарари ҷониби сеюм равона шудааст”. Дар идома омадааст, “бахусус, онҳо бояд аз тафаккури даврони Ҷанги Сард ва ҳам пешдоварии идеологӣ даст бикашанд”.
Таҳаввулоти ахир боз ба ин маъност, ки созиши 40 миллиарддолларӣ барои сохтмони киштиҳои нави зериобие, ки Австралия бо Фаронса имзо кардааст, бекор мешавад.