Сайёҳони араб ба Украина ҷойнамозу хӯроки ҳалол овардаанд
Украина имсол баръакси солҳои пеш сайёҳони зиёдеро аз Арабистони Саудӣ, Кувайт ва чанд кишвари арабии дигар мизбонӣ мекунад. Дар як ҳафта чанд ҳавопаймо аз Халиҷи Форс ба Украина меҳмон меорад ва дар меҳмонхонаҳои ин кишвар ҳоло ҷойнамозу китоби Қуръон ва қибланамо ҳам меёбед.