Марзбонони Тоҷикистон "боздошту омодабош" дар марзи Қирғизистонро рад карданд
Хадамоти марзбонии Қирғизистон 26 сентябр нерӯҳояшро дар сарҳад бо Тоҷикистон ба ҳолати омодабош даровардааст. Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар ин бора расман чизе намегӯяд, хабаргузории ТАСС аз қавли мақомоти Қирғизистон ҳадафро "пешгирӣ аз авҷ гирифтани муноқишаҳо" дар ноҳияи Лайлаки Бодканд номид.