Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2021

Ҳушдори Шӯрои паноҳандагони Норвегия аз шикасти иқтисодии Афғонистон

0
Ҳушдори Шӯрои паноҳандагони Норвегия аз шикасти иқтисодии Афғонистон

Шӯрои паноҳандагони Норвегия ҳушдор дод, ки Афғонистон дар остонаи як шикасти иқтисодӣ қарор дорад ва ин кишвар баъди суқути ҳукумат дар моҳи август ва сари кор омадани “Толибон” бо як фоҷеаи башарӣ рӯбарӯ шудааст.

 Ян Эгеланд, дабири кулли ин шӯро бо нашри изҳороте рӯзи 27-уми сентябр гуфт, “Иқтисоди Афғонистон аз назорат хориҷ мешавад. Низоми расмии бонкӣ метавонад ҳар лаҳза шикаст хӯрад, чун бо набуди пули нақд рӯбарӯ шудааст. Ман бо оилаҳое ҳамсӯҳбат шудам, ки мегӯянд, рӯзашонро бо як пиёла чою нони қоқ сиёҳ мекунанд”. Рӯзи 15-ми сентябр “Толибон” шаҳри Кобулро ишғол карданд  ва баъди ин бисёр кишварҳои хориҷӣ сафоратҳои худро баста, дороиву кӯмакҳои башардӯстона ба ҳукумати Афғонистонро  масдуд карданд. Ин ҳолат вазъи башариро бӯҳронӣ кардааст.

Эгеланд гуфт, садҳо ҳазор мардуми беҷошуда дар дохили Афғонистон ба сарпаноҳ, либос ва ғизо ниёз доранд. Ӯ гуфт, бахусус дар остонаи сардиҳои шадид, ки то -20 дараҷаи Селсия мерасад, ёриҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ба таври оҷил лозим мешавад.

Аз моҳи январи имсол 664 ҳазор нафар дар саросари Афғонистон беҷо шуда, шумори умумии мардуми бехонаву дармонда дар ин кишвар 3,5 миллион нафарро ташкил додааст.  

Дар изҳороти Эгеланд омадааст, ки дар Афғонистон аз ҳар се нафар як нафараш “шадидан гурусна” аст ва 93 дарсади хоҷагиҳо дар ин кишвар ҳафтаи гузашта ғизои кофӣ надоштанд. Дар ин бора як таҳқиқоти Барномаи ҷаҳонии озуқа хабар дод, ки пурсиши худро телефонӣ анҷом додааст. Дар изҳорот омадааст, ки “донорҳо бояд сари тасмимҳои оҷил ва корсоз тамаркуз кунанд, то ки барои кӯдакон, занон ва мардон, ки наметавонанд интизор нишинанд, ба таври изтирорӣ ёрӣ расонанд”.

Дар изҳорот омадааст, ки аз 32 миллион сокини Афғонистон беш аз 18 миллион нафараш ба таври мустақим аз кӯмакҳои башардӯстона вобаста мебошад. Оғози моҳи сентябр ҷомеаи байналмилалӣ беш аз 1,2 миллиард доллар кӯмаки башариро ба Афғонистон пешкаш намуд. Афғонистон давоми 20 соли охир аз маблағгузории байналмилалӣ вобаста буд ва сеяки буҷаи давлатӣ ҳам аз ҳамин ҳисоб такмил мешуд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин посетил фестиваль «Москва — на волне. Рыбная неделя»





Москва

Книжные новинки, лаборатория текста и иллюстраций — ждут гостей Московского детского фестиваля искусств «НЕБО»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: 1 июня начнется фестиваль «Лето в Москве. Все на улицу!»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

60 сосисок и чёрный хлеб: раскрыт райдер рэпера Басты




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

МегаФон привёз спасателям и пожарным грузовик связи


Надежда Петрова

Теннисистка Петрова: Карацеву не хватает игровой уверенности



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В арктическую экспедицию Росатома может отправиться школьник из Приамурья



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России