Дар Олмон аҳди муҳофизакорон ба поён мерасад?
Дар Олмон интихоботи порлумонӣ ба поён расид ва шояд ба аҳди ҳизбҳои муҳофизакори Олмон хотима диҳад, ки дар 16 соли гузашта кишварро раҳбарӣ мекарданд. Ҳизби сотсиал-демократи Олмон ба сахтӣ ҳам бошад, рақибони муҳофизакори худро шикаст дод ва ҳақ дорад, ҳукумат таъсис диҳад.