Ҳабибуллоев баъди истеъфои Фузайлов сармураббии "Кӯктош" шуд
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, мутахассиси маъруфи футбол, сармураббии дастаи лигаи олии Тоҷикистон - "Кӯктош"- и Рӯдакӣ - таъйин шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Ҳабибуллоев дар ин вазифа Раҳматулло Фузайловро, ки бинобар натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста истеъфо дод, иваз кард. Ин аввалин истеъфои сармураббӣ дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ мебошад. Дар ҳамин ҳол “Кӯктош” пас аз натиҷагирии ҳашт даври... Читать дальше...