Панҷ даста дар 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон
Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол, ки рӯзҳои 7-ум ва 8-уми июл баргузор шуданд, панҷ дастаи ширкаткунандаи даври ҳаштякниҳоиро муайян карданд. Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон дар марҳилаи муқаддамотӣ 12 дастаи лигаи аввал ширкат варзид. Аз рӯи натиҷагирии бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб), «Равшан» (Зафаробод), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Моҳир» (Ёвон) ва «Эсхата» (Хуҷанд), ки бар ҳарифонашон ғолиб омаданд, ба 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ пайдо карданд. Читать дальше...