Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2021

Новости за 06.08.2021

Дар Тоҷикистон сӯзишворӣ ҳам гарон шуд, ҳам камёб. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар як ҳафтаи ахир нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар шимоли кишвар 13-15 фоиз афзуда, илова бар ин, камчин шудааст. Нархи як литр гази моеъ назар ба як ҳафтаи қаблӣ то як сомонӣ гарон шуда, арзишаш аз 6 сомонӣ то ба марзи 7 сомонӣ (надики 0,62 доллар) наздик гардид.

Мақомот суқути чархбол дар Ванҷро шарҳ доданд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон қазияи суқути чархболи неруҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ванҷро шарҳ доданд. Дар пайи суқути чархбол як нафар ба ҳалокат расида, чаҳор тани дигар маҷруҳ шуданд.  Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо нашри хабарномае гуфт, чархбол рӯзи 4-уми август бо мақсади наҷот додани сайёҳони рус рафт, ки дар пиряхи Федченко ба ёрӣ муҳтоҷ буданд.   Ба гуфтаи манбаъ, соати 12:10 дақиқа, чархбол аз радар нопадид шуд ва баъдан маълум шудааст, ки чархбол дар баландии 5 ҳазор метр аз саҳри баҳр... Читать дальше...

Олимпиадаи ноком. Роҳҳои ислоҳи вазъ кадоманд? Мизи гирди Радиои Озодӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки дар Токиои Ҷопон ҷараён доранд, то рӯзи 8-уми август идома хоҳанд кард. Аммо варзишгарони тоҷик, ки сабқати худро дар Олимпиадаи Токио ба анҷом расониданд, ба ватан бе медал баргаштанд. Зимнан, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ин навбат танҳо Тоҷикистон бе медал монд. Ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик - Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров ва Баҳодур Усмонов (ҳарсе оид ба бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов (ҳарчор оид ба ҷудо),... Читать дальше...



Олимпиадаи ноком. Роҳҳои ислоҳи вазъ кадоманд? Мизи гирди Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Рӯзи 5-уми август дар студияи Радиои Озодӣ оид ба натиҷаҳои ширкати варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио суҳбати мизи гирд баргузор шуд. Ба студия мутахассисони варзидаи соҳа – Алимаҳмад Мирзоев, Наргис Набиева ва Маҳмуд Абдуллоев, ки дар гузашта дар кумитаҳои варзиш ва олимпии кишвар дар вазифаҳои масъул ифои вазифа кардаанд, даъват шуданд.

Фирори панҷ боздоштшуда дар Русия

Ozodi.org 

Аз як боздоштгоҳи Русия панҷ боздоштшуда фирор кардаанд. Интерфакс бо такя ба Олга Врадий, намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия навишт, ки фирориҳо дар боздоштгоҳи шаҳри Истраи Подмосковйе нигаҳдорӣ мешуданд. Врадий гуфт, ки нисбати кормандони боздоштгоҳ аз рӯи моддаи “баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ” парванда боз шудааст. Таҳқиқи макони фирори боздоштшудаҳо идома дорад. Тафтишот гуфт, ки боздоштшудаҳо шаби 6 август бо истифода аз як навъи амбӯр қуфлҳоро шикаста, аз боздоштгоҳи марбут ба вазорати дохилӣ дар шаҳри Истра фирор карданд. Читать дальше...

Толибон ҷавобгарии қатли раиси Маркази расонаҳои Афғонистонро бар душ гирифтанд

Ozodi.org 

Дар Афғонистон рӯзи 6-уми август Давохон Менапал, раиси маркази расонаҳои Афғонистон кушта шуд. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар як паёми хаттӣ масъулияти ин ҳодисаро ба унвонии бахши афғонии Радиои Озодӣ ба дӯш гирифт ва гуфт, ки ин “ҳамлаи ҳадафмандона” буд. Ин куштор дар ҳолест, ки Шӯрои амнияти СММ рӯзи 6-уми август ният дорад бо дархости Норвегия ва Эстония вазъи Афғонистонро ба баррасӣ гирад. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Мирвайс Станикзай гуфт, “мутаассифона, террористони... Читать дальше...



Идомаи куштори ғайринизомиён аз сӯи Толибон. "Шиканҷа ва қатли як шоир" ва "тирборон"-и занон

Ozodi.org 

Мақомоти ҳукуматӣ дар Афғонистон мегӯянд, ки шоми 4-уми август ҷангиёни Толибон шоир ва таърихшинос Абдуллоҳ Отифиро дар манзилаш дар вилояти Урузгон шиканҷа карда ва куштаанд. Ду руз пеш пулис дар вилояти Балх эълон кард, ки Толибон як зани ҷавонро бинобар сафар кардан ба шаҳри Мазори шариф ва либоси кутоҳ пушидан, тирборон карданд. Дар вилояти Бодғис низ Толибон як зани ҷавонро, ки дар гузашта дар маъракаи ваксиназании кӯдакон иштирок дошт, тирборон карданд. Нерӯҳои Толибон ҳафтаи гузашта низ Муҳаммад Хоша... Читать дальше...

Русия шароити вуруди донишҷӯёни хориҷиро эълон кард

Ozodi.org 

Вазорати маорифи Русия гуфт, барои сафари донишҷӯёни хориҷӣ ба ин кишвар дар шароити пандемия телефони бовариро фаъол кардааст. Тавассути он донишҷӯён метавонанд оиди шарту шароити сафар маълумот бигиранд. Соли хониш дар  мактабҳои олии Русия аз 1-уми сентябр шурӯъ мешавад ва бинобар иттилои идораи Россотрудничество, феълан донишҷӯёни  50 кишвар иҷозати омадан ба Русияро доранд. Талаботи умумӣ ин аст, ки донишҷӯён бояд ду дафъа, як борм пеш аз  вуруд  ПСР-тести надоштани коронавирусро супоранд ва... Читать дальше...

"700 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ". Пойфишории Русия ба сабтиноми хориҷиҳо

Ozodi.org 

Дар Русия то ҳанӯз садҳо ҳазор муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсуд ва ё ИДМ ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Дар ин бора муовини аввали вазорати корҳои дохилии Русия дирӯз зимни ҷаласаи онлайнӣ бо намояндагони сафоратҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ  баён доштааст. Ба гуфтаи Александр Горовой, то кунун 700 ҳазор муҳоҷир зери соя мебошанд. Мақомоти рус барои қонунӣ кардани буду бош ба шаҳрвандони хориҷӣ то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ мӯҳлат додаанд. Алексанр Горовой ҳамчунин гуфтааст... Читать дальше...

Русия аз қоидаҳои нави санҷиши муҳоҷирони корӣ хабар дод

Ozodi.org 

Аз 29-уми декабри соли ҷорӣ қоидаҳои нав барои муҳоҷирон ба ҳукми иҷро медароянд. Шурӯъ аз ин сана ба таври ҳатмӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ изи ангуштонашон гирифта мешавад. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия ин навгонӣ ҳамчунин ба шаҳрвандони хориҷие, ки барои 90 рӯз ба Русия меоянд, дахл хоҳад дошт. Ҳамчунин кормандони ҳифзи ҳуқуқ риояи ҳатмии талаботи гузашатан аз имтиҳони донистани забони русӣ ва таъриху қонунгузории Русияро тафтиш хоҳанд кард. Барои муҳоҷирон ҳуҷҷати ягонаи электронӣ рӯи кор хоҳад омад... Читать дальше...

Омор аз афзоиши сохтмон дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Сифат чӣ?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон сохтмони биноҳои истиқоматӣ вусъат меёбад. Бино ба омори Оҷонсии сохтмони кишвар, дар 6 моҳи соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23 фоийз бештар манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд. Коршиносон инро аз ҷумла ба устувории нархи манзил рабт медиҳанд. Илова бар ин, сармоягузорон кӯшиш мекунанд, ки татбиқи лоиҳаҳои қаблан оғозёфтаи сохтмони манзилро ба анҷом расонанд. Қаблан гуфта шуда буд, ки дар чор соли ахири нархи хона аз ҷумла дар шаҳри Душанбе тақрибан тағйир наёфтааст. Читать дальше...

Рӯзи панҷуми ҳамлаҳо ба ҳадафҳои Толибон дар Афғонистон

Ozodi.org 

Рӯзи панҷуми август Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ҳамлаҳо болои мавқеъҳои Толибон дар ҷануби Афғонистонро аз сар гирифтанд. Дар ҳамин ҳол Толибон дар шимоли Афғонистон боз чандин минтақаи дигарро ишғол кардаанд. Вазорати мудофиаи Афғонистон изҳор намудааст, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ дар саросари Афғонистон ва аз ҷумла вилояти Ҳилманд ҷой доштанд. Толибон талош доранд маркази вилояти Ҳилманд  - шаҳри Лашкаргоҳро зери назорат гиранд. Хабаргузории Рейтерс аз қавли фармондеҳони Толибон овардааст, ки ин ҷунбиши исломӣ... Читать дальше...

Эзадиҳо: "Агар ДОИШ нест, пас гумгаштаҳои мо куҷоянд?" ВИДЕО

Ozodi.org 

Эзадиҳо дар Ироқ ва саросари ҷаҳон ёди онҳоеро гиромӣ медоранд, ки 7 сол пеш дар ҷараёни қатлҳои дастаҷамъонаи ҷангҷӯёни гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" кушта шуданд. ДОИШ-иён соли 2014 ҳазорон нафар аз ин аққалияти мазҳабиро куштанду духтаронашонро ғуломи ҷинсӣ карданд. Онҳое, ки аз дасти ҷангҷӯён раҳо ёфтаанд, мегӯянд, мехоҳанд ҷомеаи байналмилалӣ ҷазои онҳоеро бидиҳад, ки чунин бераҳмиро нисбат ба эзадиён раво дидаанд.

Хонандагони синфҳои якум аз ҳафтаи оянда барои даҳ руз ба мактаб мераванд

Ozodi.org 

Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон кард, ки имсол хонандагони синфҳои якум барои гузаштан аз давраи мутобиқшавӣ аз 9-уми август ба мактаб мераванд. Ин давра то 20-ми август идома карда, сипас онҳо ба мисли хонандагони дигар аз 1-уми сентябр ба таҳсил шурӯъ хоҳанд кард. Ба гуфтаи масъулони вазорат, ҳар сол барномаи омодашавӣ ба мактаб 1-уми август оғоз меёфт, вале имсол бо дарназардошти пандемияи коронавирус ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки санаро тағйир бидиҳад. Соли гузашта... Читать дальше...


Музыкальные новости
ЮрКисс

«Отказывался по надуманной причине»: певец ЮрКисс обвинил SHAMANа во лжи





Rss.plus
Динамо

"Динамо" обыграло "Балтику", дважды забив в компенсированное время




Самолет Трампа столкнулся с другим лайнером в аэропорту во Флориде

Прямо в метро. Аналитики выяснили интересы пассажиров подземки

В Котельниках сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже партии товаров

Фельдшерский пункт открыли после ремонта в деревне Печерники




Маросими ёдбуди фоҷеаи Ҳиросима хоксорона барпо шуд

Ozodi.org 

Шаҳри ҷопонии Ҳиросима рӯзи 6-уми август 76-умин солгарди ҳамлаи нахустини атомӣ дар ҷаҳонро бо даъвати мақомоти ин шаҳр  ба хунсо кардани силоҳҳои атомӣ баргузор кард. Раиси шаҳри Ҳиросима Казуми Матсуи гуфт, “силоҳҳои ҳастаӣ, ки бо ҳадафи пирӯзӣ дар ҷангҳо сохта шудаанд, хатари нобуд кардани ҳамаро доранд, аз ин рӯ, барои гирифтани пеши роҳи ин тамоми кишварҳо бояд дар якҷоягӣ кор кунанд”. Субҳи барвақти рӯзи 6-уми августи соли 1945, вақте ИМА болои Ҳиросима як бомбаи атомиро партоб кард, тахминан 140 ҳазор нафар кушта шуд. Читать дальше...

Тақозои бастани зиндони Гуантанамо аз президент Байден

Ozodi.org 

Аъзои Маҷлиси намояндагон аз президент Ҷо Байден тақозо карданд, ки дар остонаи 20-солагии ҳамлаи террористии 11-уми сентябр ба Амрико зиндони амрикоии воқеъ дар ҷазираи Гуантанамои Куба баста шавад. Дар номае бо имзои 75 вакили демократи Маҷлиси намояндагон, ки 5-уми август ба номи президент ирсол шуд, гуфта шудааст, ки зиндони амалкунанда ба обрӯи ИМА зарба мезанад ва татбиқи арзишҳои  мисли ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонунро аз ҷониби ин давлат хадчадор мекунад. Дар нома, аз ҷумла, омадааст: “Дархост мекунем... Читать дальше...

Ҳалокати як нафар аз борону сел дар Панҷакент. АКС

Ozodi.org 

Боронгарии шадид ва фаромадани сел дар деҳаи Амондараи Панҷакент талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар пай доштааст. Мақомоти ҳукумати шаҳри Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шоми рузи гузашта бар асари фаромадани сел як марди 61-солаи сокини ин деҳа зери хоку лой монда, ҷон бохтааст. Ба гуфтаи Муҳаммадсафар Собиров, муовини раиси шаҳри Панҷакент, дар ҳоли ҳозир таҳти сарварии раиси шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис шуда, хисороти селро муайян мекунад. Давоми камтар аз бист рӯзи ахир бори дувум аст... Читать дальше...

Ба ҳамсари Навалний иҷозаи мулоқоти серӯза бо шавҳараш доданд

Ozodi.org 

Ҳамсари мунаққиди Кремлин Алексей Навалний ахиран дар як мулоқоти “тӯлонӣ” тавонист бо шавҳараш дидор кунад. Дар як изҳороти 5-уми авуст, ки дар Инстаграм нашр шуд, Навалний  ва ҳамсараш дар ҳолати хушӣ дида мешаванд. Навалний инак панҷ моҳ аст, ки дар зиндони шаҳри Покров дар 100-километрии шаҳри Маскав қарор дорад. Навалний навиштааст, ки ҳамроҳ бо ҳамсараш  “як шоми берунишаҳрӣ таҳия карда”, аз ин чиз  хеле хушҳол аст. Юлия Навалная, ки се шабонарӯз дар назди шавҳараш буд, дар Инстаграм гуфт,... Читать дальше...

Ду мураббии беларусӣ бо талаби Кумитаи олимпӣ Токиоро тарк карданд

Ozodi.org 

Кумитаи байналмилалии Олимпӣ аккредитатсия ё сабтиноми ду мураббии беларусиро дар заминаи эҳтимоли ба тарки бозиҳои Токио водор  кардани варзишгар Кристина Тимановская бекор кард. Дар изҳороти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ, ки рӯзи 6-уми август нашр шуд, омадааст, ки ин тасмим «ба хотири манфиати варзишгароне, ки ҳоло ҳам дар Токио ҳастанд...” гирифта шудааст. Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт, аз ду мураббӣ, ки яке Артур Шумак ва дигаре Юрий Маисевич мебошанд, тақозо шудааст, ки деҳаи олимпиро билофосила... Читать дальше...

Равуои ҳавоӣ ва заминӣ миёни Узбекистону Туркманистон аз сар гирифта мешавад

Ozodi.org 

Вазоратҳои нақлиёти Узбекистону Туркманистон барои аз саргирии парвозҳои ҳавопаймоӣ миёни ду кишвар ва интиқоли байналмилалии мол тавассути мошинҳо рӯзҳои наздик корро оғоз мекунанд. Ин созиш 4 август дар ҷараёни гуфтугӯи муовинони сарвазирҳои Узбекистону Туркманистон -- Сардор Умурзақов ва Эсенмурод Оразгелдиев ҳосил шудааст. Ҳамчунин ҷонибҳо розӣ шудаанд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ду кишварро рӯзҳои наздик дар Узбекистон баргузор кунанд. Пештар хабар дода шуд, ки муовини... Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о поддержке организаций и ИП в Белгороде


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Шнуров

Почему мужчины возвращаются к бывшим женам через 10-20 лет: мнение С.Шнурова и Д.Нагиева




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании


WTA

Свёнтек прошла в полуфинал турнира WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России