Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2021

Новости за 31.08.2021

"Амр аз болост". Донишҷӯён дар шароити пандемия ба "маршировка" идома медиҳанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Имсол даҳҳо донишҷӯйи донишгоҳҳои Душанбе соли нави таҳсилро дар "маршировка" оғоз мекунанд. Онҳо барои таҷлил аз 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон як ҳафтаи дигар бояд машқ кунанд.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон: Аз босмачиҳо то Толибон. Қисми 1

Ozodi.org 

Хабарҳо дар бораи он ки "Толибон" қудратро дар Афғонистон ба даст гирифта, худро бебокона "Аморати исломӣ" номидааст, барои тамоми дунё бонги хатар мебошад. Ҳаракате, ки аз сӯйи Созмони Милали Муттаҳид террористӣ эълон шудааст.

Баъд аз рафтани нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон чӣ мегузарад?

Ozodi.org 

Низомиёни Амрико ҷараёни ба берун бурдани нерӯҳои ин кишвар ва даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Афғонистонро, ки бо омадани “Толибон” ҳаёташон зери хатар аст, ба поён расонданд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, бо ёрии шарикони байналмилалии худ аз 14 то 30-юми август 123 ҳазор касро аз Кобул ба хориҷа бурданд.



Вазири дифои Қазоқистон ба истеъфо рафт

Ozodi.org 

Нурлан Эрмекбаев, вазири дифои Қазоқистон дар паи таркишҳои ахир дар як анбори низомӣ, ки боиси кушта шудани 15 нафар шуд, ба истеъфо рафт. Номаи истеъфои Эрмекбаевро рӯзи 31-уми август президенти ин кишвар Қосимжомарт Тоқаев имзо кард.  Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар додааст, ки дар пойгоҳи низомии вилояти Ҷамбули ин кишвар, ки ахиран таркиш ба амал омада буд, ҷасади як тани дигарро пайдо карданд. Вале шахсияти он ҳанӯз маълум нест. "Ҳамин тариқ шумори қурбониёни таркиш ба 15 нафар расид", - омадааст дар иттилоияи вазорат. Читать дальше...

Парвандаи ҷиноӣ нисбати шаш нафар барои бадрафторӣ дар зиндони Эвин

Ozodi.org 

Мақомоти низоми адлияи Эрон гуфтанд, дар робита бо видеоҳои шиканҷаи маҳбусон дар зиндони Эвини Теҳрон ду нафар ҳабс ва чор тани дигар ба шарти берун нарафтан аз макони зист боздошт шуданд. Исму вазифаҳои онҳо фош намешавад. Чанде пеш гурӯҳи рахнагарони “Адолати Алӣ” дастгоҳҳои сабти видеои зиндони Эвинро шикаста наворҳои латукӯби шадиди зиндониҳоро дар интернет нашр кард. Рӯзи 30-юми август хабаргузории “Мизон” гуфт, ки дар робита бо ин наворҳо шаш нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудаанд. Созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International гуфт... Читать дальше...



Ду кӯдаки паноҳҷӯёни афғон баъди хӯрдани замбӯруғ ба табдили гурда ниёз доранд

Ozodi.org 

Раиси як шаҳр дар Полша дар муроҷиатномае ба зарурати анҷоми амалиёти изтирории тағйири гурда барои ду кӯдаки афғон даъват кардааст, ки баъди хӯрдани замбӯруғи заҳролудшуда дучори бемории сангин шудаанд. Артур Тусински, шаҳрдори Подкова Лесна рӯзи 30-уми август дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ки ду тифли паноҳҷӯёни афғон аз хӯрдани замбӯруғи заҳрогин бемор шуданд. Ҳоло ин ду кӯдак дар як беморхонаи шаҳри Варшава мебошанд ва табибон гуфтанд, ки ба ин ду нафар  амалиёти табдили гурда зарур аст. OKO.press гуфт... Читать дальше...

Рааб хост, ки барои берун бурдани афғонҳо "долони амне" ташкил шавад

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Бритониё Доминик Рааб  аз кишварҳое, ки дар берун бурдани паноҳҷӯёни афғон кӯмак кардаанд, тақозо намуд, ки барои онҳое, ки метавонанд кишварро тарк кунанд, дар ҳамкорӣ як долони амне бунёд бикунанд. Рааб рӯзи 30-юми август дар ҷаласае бо ширкати вазирони хориҷаи кишварҳои мухталиф, ки аз ҷониби Департаменти давлатӣ ташкил шудааст, гуфт, ки Толибонро  аз рӯи рафтор ва ҳам мувофиқаташон ба тарки кишвар кардани мардум баҳогузорӣ кардан лозим аст. Дар ин ҷаласа мақомот Канада, Фаронса... Читать дальше...

15 медали варзишгарони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё дар Дубай

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 20-30-юми август дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, ҳамагӣ 15 медал (6 медали биринҷӣ миёни ҷавонон ва 9 медал – 1 нуқра ва 8 биринҷӣ миёни наврасон) ба даст оварданд. Шумораи умумии иштироккунандагони қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон ва ҷавонон дар Дубай 293 нафар, аз ҷумла 84 духтар аз 15 кишвар буд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 21 варзишгар, аз ҷумла 2 духтар, намояндагӣ карданд. Читать дальше...

Назорат бар фурудгоҳи Кобул ва таҷлили "истиқлолияти комил"-и Толибон

Ozodi.org 

Бо тарки Кобул кардани охирин ҳавопаймои низомиёни амрикоӣ баъди хатми ҷанги 20-солаи Афғонистон, Толибон фурудгоҳи байналмилалии Кобулро таҳти назорати худ дароварданд.  Рӯзи 31-уми август дар кӯчаҳои шаҳри Кобул садои тирандозии шодбошии Толибон аз хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ ба гӯш мерасид. Нирӯҳои ИМА ва муттафиқонашон дар як амалиёти бебандуборе шитобон Афғонистонро тарк карданд  ва ҳазорҳо афғонистониҳоеро, ки бо ҳукумати пешин ва ғарбиҳо кор мекарданд, дар ҳолати нигарониву тарс аз интиқомҷӯиҳои ҳукумати Толибон гузоштанд. Читать дальше...

Додситонии Русия аз афзоиши ришвахорӣ хабар дод

Ozodi.org 

Додситонии кулли Русия гуфт, ки шурӯъ аз соли ҷорӣ дар саросари кишвар фасоду ришвахорӣ якбора боло рафтааст. Рӯзи 30-юми август дар як гузорише, ки  ин ниҳод нашр кард, гуфта шуд, ки то 30-юми июн 24,500 ҳодисаҳои фасод расман сабт шудааст ва дар ҳашт соли охир ин омори азимтарин будааст. Дар гузориш омадааст, ки тахминан нисфи ин ҳодисаҳо ба порагирӣ рабт дошта, сеяки онҳо порахӯрӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор рубл, муодили 135 доллар ё камтарро дар бар мегиранд. Аксари ин ҳодисаҳо дар ватани президент Владимир Путин шаҳри Санкт-Петербург... Читать дальше...

Блинкен гуфт, сафорати ИМА аз Кобул ба Давҳа кӯчид

Ozodi.org 

Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА рӯзи 30-юми август, чанд соат баъди он ки нирӯҳои амрикоӣ Афғонистонро тарк карданд, гуфт, тамоми дипломатҳои амрикоӣ аз Кобул рафтанд ва фаъолияти сафорати ИМА дар Афғонистон боздошта шуд. Блинкен гуфт, баъди 20 соли ҷанг Вашингтон ҳузури дипломатии худро аз Кобул ба Давҳа, пойтахти Қатар интиқол дод. Дар ин кишвар дафтари сиёсии Толибон ҷойгир шудааст. Блинкен, ки суханронии муфассалашро ба мавзӯи сиёсати ИМА дар Афғонистон бахшида буд, гуфт, “нирӯҳои мо аз Афғонистон берун шуданд”. Читать дальше...

Сафири Фаронса гуфт, Толибон бо Қатару Туркия мудирияти фурудгоҳи Кобулро баррасӣ доранд

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Фаронса гуфт, ки Толибон бо Туркия ва Қатар мавзӯи мудирияти фурудгоҳи байналмилалии Кобулро машварат мекунанд. Толибон пойфишорӣ доранд, ки гурӯҳи тундрави исломӣ бояд ба зудтарин фурсат ин муассисаро зери даст гирад, то ки хоҳишмандони парвоз аз Афғонистон тавонанд базудӣ аз хидмати ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ истифода кунанд. Рӯзи 31-уми август баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои ИМА Жан-Ив Ле Дриан дар як сӯҳбати телевизиониаш гуфт, “Қатъномаи Шӯрои амният дар бораи ҳимояти фурудгоҳ бояд иҷро шавад”. Читать дальше...

Шӯрои амнияти СММ аз Толибон хост, бигузоранд, ки мардум Афғонистонро тарк кунанд

Ozodi.org 

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо судури қатъномае аз Толибон хостааст, ки бигузорад мардум Афғонистонро тарк кунад. Ин қатънома дар нишасти рузи душанбеи Шӯрои амният содир шуд. Дар ин қатънома дар бораи эҷоди "минтақаи амн" дар Кобул чизе гуфта нашудааст. Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса эҷоди чунин як минтақа дар Кобул барои интиқоли бехатари касонеро пешниҳод карда буд, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд. Дар қатънома ба аҳамияти дастрасии мардум ба хадамоти башардустона, риояи ҳуқуқи башар... Читать дальше...

Президенти Қирғизистон гуфт, беш аз 50 дарсади марзро бо Тоҷикистон мувофиқа кардаанд

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов мегӯяд, дар мавриди таъйини беш аз 50 дарсади марз бо Тоҷикистон созиш ҳосил шудааст. Вай 30-юми август дар мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ки бахшида ба 30-умин солгарди истиқлоли давлатии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, гуфт, "ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд тасмими сиёсӣ гирифта, гуфтугӯро дар асоси меъёрҳои эҳтироми ҳамдигар идома диҳанд". Ҷабборов ҳамчунин изҳор доштааст... Читать дальше...

Узбекистон хабари боз будани марзҳояш ба рӯи гурезаҳои афғонро рад кард

Ozodi.org 

Хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии Узбекистон хабари боз будани марзҳояш барои афғонистониҳоеро, ки ҳаёташон дар режими ҳаракати Толибон таҳти хатар аст, рад кард. "Дар ҳоли ҳозир марзи Узбекистону Афғонистон ба далели таъмини амният комилан баста аст. Гузаргоҳи марзии "Тирмиз"-и миёни ду кишвар низ фаъолият намекунад ва боз шудани он низ дар ояндаи наздик дар назар нест", - омадааст дар иттилоияи вазорат. Ин ниҳод ҳамчунин ёдовар шудааст, ки "ба ҳамагуна кушиши убури ғайриқонунии марзи... Читать дальше...

Бердимуҳаммадов гуфт, Туркманистон гурезаҳои афғонро қабул намекунад

Ozodi.org 

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, "дар вазъияти кунунии эпидемиологӣ дар мавриди қабули гурезаҳои афғон бояд қарори оқилона қабул кард". Ӯ бо ин суханҳои худ расман тасдиқ кард, ки гурезаҳои афғон ба ҳудуди Туркманистон роҳ дода нахоҳанд шуд. Бердимуҳаммадов 29-уми август дар як суҳбати телефонӣ бо президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо вазъи Афғонистонро баррасӣ кард. Ба иттилои хабаргузории расмии Туркманистон, Бердимуҳаммадов сабаби роҳ надодани гурезаҳои афғонро ба пандемияи коронавирус рабт дода... Читать дальше...



Москва

Состоялась Байкальская театральная школа в Бурятии: Россия и Культура, Дети


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Московскому метрополитену исполнилось 89 лет



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Ивана Урганта исключили из программы концерта памяти Булата Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Семьи из Подмосковья поборются за выход в финал конкурса «Это у нас семейное»

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков


Уимблдон

«Подача на победу на Уимблдоне». Гвардиола – о заключительном туре АПЛ



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России