Дар посух ба ҳамлаҳои маргбор дар Кобул ду узви ДОИШ-ро куштаанд
Мақомоти низомии Амрико гуфтанд, дар ҷавоб ба ҳамлаҳои маргталабона дар канори фурудгоҳи Кобул рӯзи 28-уми август ду узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-ро куштаанд.
Мақомоти низомии Амрико гуфтанд, дар ҷавоб ба ҳамлаҳои маргталабона дар канори фурудгоҳи Кобул рӯзи 28-уми август ду узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-ро куштаанд.
Латифи Пидром, раиси Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, рӯзи 28-уми август дар шаҳри Душанбе гуфт, "фазои ҳозираи Афғонистон сангину хатарнок аст ва мардум ҳолати равониашонро аз даст додаанд".
Як мансабдори баландпояи низомии Бритониё гуфтааст, ин кишвар рӯзи 28-уми август маъмурияти интиқоли шаҳрвандони хориҷӣ ва афғонҳоро аз Кобул ба поён мерасонад.
Бар асари сӯхтор дар анбори аслиҳа дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон 13 нафар ҷон бохта, даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса 26-уми август рӯй дод.
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ, як созмони зери нуфузи Русия, гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба вазъ дар Афғонистон қасд дорад, дар Қирғизистон ва Тоҷикистон машқҳои низомӣ баргузор кунад.
Сарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфтаанд, низ хостори ҳалли осоиштаанд, вале таслим намешаванд ва дар ҳолати ҳамла ба онҳо “аз озодии мардуми Афғонистон” дифоъ хоҳанд кард.
Гулбиддин Ҳикматёр, ҷангсолори ҷиҳодӣ ва сарвазири пешини Афғонистон, дар паёме пеш аз намози ҷумъаи 27-уми август дар масҷиди Кобул ба мавзеъгирии Тоҷикистон дар баробари рӯйдодҳои Афғонистон ва зарурати таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар он вокуниш кард.
Шумори қурбониёни таркишҳои маргбор дар канори Фурудгоҳи Кобул, ки рӯзи 26-уми август рӯй дод, аз 170 нафар гузашт.
Як тарроҳи ҳамлаҳои шохаи "Хуросон"-и ДОИШ (гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ") дар вилояти Нангарҳори Афғонистон ҳадафи ҳавопаймои бесарнишини Амрико қарор гирифтааст.
"Хуросон", як шохаи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, ки масъулияти ҳамлаҳои маргбор дар канори фурудгоҳи Кобулро ба уҳда гирифт, чӣ созмонест?
Ашраф Орзуев, молики як ошхона дар Боғи истироҳатии ноҳияи Раштро бо гуноҳи задани Саъдулло Худоёров, бародари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Ҷунайдулло Худоёров, ба пардохти 7500 сомонӣ ҷуброн маҷбур кардаанд. Қарори додгоҳи ноҳияи Рашт рӯзи 25-уми август эълон шуд.
Содир Ҷабборов (Содир Жапаров), раиси ҷумҳурии Қирғизистон, қонун дар бораи ҳимоя аз иттилои бардурӯғро имзо кард. Ин санад дар миёни мардум чун қонун дар бораи "фейк"-ҳо машҳур аст.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости