Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2021

Новости за 30.08.2021

Муҳоҷирон кам ба Русия рафтаанд: таъсири пандемия ё зиёд шудани ҷойҳои корӣ?

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, муҳоҷирати корӣ кам шудааст, ки ин ба таъсиси ҷойҳои корӣ вобастагӣ дорад, аммо мувофиқи омори Русия, баръакс муҳоҷирати тоҷикон ба ин кишвар ҳамасола зиёд мешавад.

Марҳилаи дувуми мусобиқаи лигаи олӣ бо пирӯзии "Истиқлол" хотима ёфт

Ozodi.org 

Бо бозиҳои даври 18-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои 28-29-уми август баргузор шуданд, марҳилаи дувуми қаҳрамонии Тоҷикистон ба поён расид. Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки бар тими «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби бузурги 7:1 пирӯз шуд, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа боз ҳам мустаҳкам кард. Дар бозиҳои дигари даври 18-ум “Душанбе”-и Душанбе бар “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и Кӯлоб бар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби якхелаи 2:1, «Хатлон»-и Бохтар... Читать дальше...



Ҷабборов гуфт, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро аъзои АвруОсиё дидан мехоҳад

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон гуфт, ки Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро увзи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дидан мехоҳад. Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон гуфт, ки Содир Ҷабборов ин суханҳоро рӯзи 30-юми август дар Бишкек зимни мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баён кард. Қирғизистон соли 2015 ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомил шуд ва ҳамроҳ бо Арманистон, Беларус, Русия ва Қазоқистон ба як фазои воҳиди иқтисодӣ ворид гардид. Ҷабборов рӯзи душанбе гуфт... Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои қудратманд хост, дар қазияи Афғонистон бетарафӣ накунанд

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки дар вазъи кунунӣ кишварҳои қудратманд набояд дар робита ба қазияи Афғонистон бетарафӣ кунанд. Дар ғайри он, ба гуфтаи оқои Раҳмон, Афғонистон метавонад ба ҷанги дарозмуддат кашида шавад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми август дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас бори дигар ба зарурати таъсиси Ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид кардааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки яке аз омилҳои асосии ба эътидол омадани вазъ дар ин кишвари ҷангзада... Читать дальше...



"Изҳороти Раҳмон дуруст ва қонунист!" Вокуниши Латифи Пидром ба паёми Ҳикматёр

Ozodi.org 

Латифи Пидром, раиси Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр, ҷангсолори ҷиҳодии афғонро “намакношинос” номид ва гуфт, ӯ суханҳои Эмомалӣ Раҳмонро “нафаҳмидааст”.

500 низомии пойгоҳи Русия дар машқҳои низомии Тоҷикистон ширкат мекунанд

Ozodi.org 

Дар машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон, ки дар пасманзари нигарониҳо аз бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ бо сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон барпо шудааст, 500 низомии пойгоҳи 201-уми Русия  иштирок намуданд. Дафтари матбуоти ҳавзаи марказии низомӣ рӯзи 30-юми август хабар дод, ки машқҳои низомии тактикӣ дар майдони Сумбула баргузор мегардад. Хабари машқҳои нав дар ҳолест, ки се рӯз пеш аз ин сухангӯи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфт, ки ин гурӯҳ ният дорад  дар Қирғизистон ва Тоҷикистон... Читать дальше...

Орлеани Нав бо ҳамлаи як тӯфони пуршиддате рӯбарӯ шуд. АКС

Ozodi.org 

Дар як офати бесобиқае шаҳри Орлеани Нав дар аёлати Луизиана, ки дар ҷануби кишвар ҷойгир аст, мавриди ҳамлаи тӯфони азиме бо номи «Ида» қарор гирифт. Ширкати барқи Entergy хабар дод, ки бо сабаби таъсири харобиовари тӯфон ба хатҳои барқи маҳаллӣ, 40 ҳазор сокин аз барқ маҳрум шуданд. Ҳоло, ба гуфтаи ин ниҳод, танҳо генераторҳо кор мекунанд. Маркази миллии пешгирӣ аз тӯфонҳо рӯзи 29-уми август гуфт, ки тӯфон дар самти ғарбии Орлеани Нав бедодгарӣ мекард. Ҳисоб шудааст, ки суръати бод ба ҳангоми... Читать дальше...

ИА Амрикоро аз феҳристи давлатҳои "амн аз назари COVID" берун мекунад

Ozodi.org 

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 30-юми август эълон мекунад, ки дар шароити афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус дар ИМА, ин кишварро аз феҳристи «кишварҳои амн аз назари COVID-19» берун хоҳад кард. Ин ба он маъност, ки  мусофирони аз Амрико ба Аврупо омада аз карантин ва санҷишҳои ҳатмӣ озод нестанд. Дар миёни кишварҳои дигаре, ки аз феҳристи давлатҳои амн аз назари COVID-19 хат зада мешаванд, исми Косово, Исроил, Монтенегро, Лубнон ва Македонияи Шимолӣ ёд мешаванд. Ҳар кишвари узви ИА бояд худаш муқаррар кунад... Читать дальше...

Вазири хориҷии Олмон: Таҳаввулоти ахир дар Афғонистон ҳамсояҳоро низ ба чолиш рубару мекунад

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Олмон дар остонаи сафари худ ба минтақа гуфтааст, ки бинобар таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, на танҳо афғонҳо, балки кишварҳои ҳамсоя низ ба чолиш рӯбарӯ ҳастанд. Ҳейко Маас субҳи душанбе дар Тошканд бо мақомоти узбек дар робита ба таҳаввулоти Афғонистон суҳбат кард ва қарор аст ба Тоҷикистон ва Покистон – ду ҳамсояи дигари Афғонистон сафар кунад.  Дар изҳороте, ки Вазорати корҳои хориҷии Олмон рӯзи 29-уми август нашр кард, омадааст, ки тайи ду ҳафтаи гузашта барои берун бурдани шаҳрвандони Олмон... Читать дальше...

Собянин гуфт, 200 зодаи собиқ шӯравӣ аз хоки Русия ихроҷ шуданд

Ozodi.org 

Шаҳрдори Маскав мегӯяд, барои қонунвайронкунӣ ҳудуди 200 нафар аз зодагони кишварҳои ҳамсуд ё худ ИДМ аз пойтахти Русия ихроҷ шудаанд. Сергей Собянин дар саҳифаи интернетии худ навиштааст, вақтҳои ахир байни муҳоҷирон занозаниҳои гурӯҳӣ ба амал омадааст, ки "ҳеҷ қобили қабул нест". Ӯ гуфт, бо ҳамин сабаб мақомоти ҳифзи ҳуқуқ моҳҳои ахир рейдҳои сангине барпо кардаанд. Дар пай нисбати 800 нафар муҳоҷирон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 17,5 ҳазори дигарро аз ҳаққи вуруд ба кишвар маҳрум карданд. Дар ҳамин ҳол... Читать дальше...

Маас: Узбекистон омода аст марзашро ба афғонҳое, ки ҳаёташон таҳти хатар аст, боз кунад

Ozodi.org 

Ҳейко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон гуфт, Узбекистон мехоҳад сарҳадашро барои он гурӯҳи афғонҳо боз кунад, ки дар феҳристи давлати Олмон ҳамчун афроди ҳаёташон мавриди хатар дар режими Толибон ёд мешавад. Маас рӯзи 30 август дар чаҳорчӯби сафари чоррӯзааш ба Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна ба Тошканд сафар кард. Дар хабарҳои расмӣ гуфта мешавад, ки мавзӯи кӯмак дар берун бурдани гурӯҳи нафарони ҳаёташон таҳти хатар аз Афғонистон, мисли фаъолони ҳуқуқ ва журналистон - дар маркази гуфтугӯҳо хоҳад буд. Читать дальше...

Сафорати Русия гуфт, хоҳишмандони тарки Кобул дархости имейлӣ фиристанд

Ozodi.org 

Сафорати Русия дар Кобул аз хосторони тарки Афғонистон кардани шаҳрвандони ин кишвар ва ҳам аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дархост кард, ки аризаҳои худро тавассути почтаи электронӣ фиристанд.  Ҳафтаи гузашта Русия гуфт, ки 500 шаҳрванди Русия ва инчунин кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла, даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз Афғонистон ба ватанашон расониданд. Бо сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон аз таърихи 15-уми август, нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ талош доранд, ки то 31-уми август ин кишварро тарк кунанд. Читать дальше...

Мушакборони фурудгоҳи Кобул

Ozodi.org 

Рӯзи 30-юми август фурудгоҳи Кобул, ки дар он нирӯҳои амрикоӣ  таҳти таҳдиди гурӯҳи “Давлати исломӣ” талош доранд ҳарчи зудтар амалиёти тарки Афғонистон карданро анҷом диҳанд, мушакборон шуд. Ҳанӯз ҳеҷ иттилое дар бораи хисороте дар даст нест. Ҳамла замоне рух дод, ки рӯзи 31-юми август мӯҳлати берункашии нирӯҳои амрикоиву байналмилалӣ аз Афғонистон ба охир мерасад ва бо ҳамин ба ҳузури 20-солаи нирӯҳо дар Афғонистони ҷангзада хотима медиҳад. Мақомот гуфтанд, ки тавассути ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар... Читать дальше...

Толибон гуфтанд, раҳбарашон дар "вақти муносиб" худро ба мардум нишон медиҳад

Ozodi.org 

Толибон мегӯянд, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари онҳо дар Кандаҳор аст ва дар вақти муносиб худро ба мардум нишон хоҳад дод. Баъд аз тақрибан панҷ сол, Толибон аввалин бор дар мавриди маҳали ҳузури раҳбари ин гурӯҳ маълумоти дақиқ доданд. Ин дар ҳолест, ки аз дохил шудани Толибон ба Кобул ду ҳафта мегузарад ва аз тарафи Охунзода ҳеҷ паёмӣ савтӣ ё хаттӣ ба расонаҳо нарасидааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон 29-уми август ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар... Читать дальше...

Шумори қурбониёни таркиш дар пойгоҳи низомии Қазоқистон ба 14 нафар расид

Ozodi.org 

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон 29-уми август хабар дод, ки шумори қурбониёни таркиш дар пойгоҳи низомии вилояти Ҷамбул ба 14 кас расид. Ба иттилои манбаъ, кормандони ин ниҳод ахиран ҷасади як тани дигарро низ пайдо карданд ва ҳоло шахсияти вайро муайян мекунанд. Дар миёни ҳалокшудаҳо кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода, пойгоҳи низомӣ ва додситонии ҳарбии Қазоқистон низ ҳастанд. "Ҷустуҷӯи ду нафари бедаракшудаи дигар идома дорад", - омадааст дар иттилоияи вазорат. Силсила таркишҳову... Читать дальше...

Президенти Узбекистон 215 маҳбусро афв кард

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармон дар бораи афви маҳбусонеро имзо кард, ки "самимона тавба карда, ислоҳ шудаанд". Тибқи фармони мазкур, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Узбекистон имзо шудааст, 215 зиндонӣ афв гаштанд. Аз ин миён 3 кас пурраву 127 кас шартан озод шуда, ҷазои 12 нафар сабуктар ва муҳлати ҷазои 73 маҳбус кам мешавад. Дар миёни афвшудаҳо 14 зан, 12 каси аз 60-сола боло, 69 шаҳрванди хориҷӣ ва 15 нафаре низ ҳастанд, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ иштирок доштанд.



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о роли несырьевого экспорта в российской экономике


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о работе сервиса «Вместе с культурой»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Джиган

Изумрудные луга, замок как у принцессы Рапунцель: сказочный отпуск Саймоловой и Джигана в Нормандии




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий


ATP

Хачанов победил Шевченко во втором круге турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Собянин: Московскому метрополитену исполнилось 89 лет



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России