Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2021

Новости за 16.08.2021

Дар талоши фирор аз Афғонистон

Ozodi.org 

Баъди ба Кобул ворид шудани гурӯҳи "Толибон", ҳазорҳо нафар дар Афғонистон талош доранд, ки ба хориҷ бираванд. Иддае дар фикри зиндагии хуб дар берун ҳастанд, гурӯҳе дигар аз тарзи ҳукмронии "Толибон" дар ҳаросанд. Дар ҳоле ки ин гурӯҳ таъмини амният ва шароити хуби зиндагиро ваъда додааст. Рӯзи 16-уми август шумори зиёди мардум дар Фурудгоҳи байналмилалии Кобул ҷамъ шуда, бо ҳар роҳе мехостанд, ба ҳавопаймо ворид шаванд. Дар аксҳои зер бубинед, ки дар фурудгоҳи Кобул чӣ гузашт.

Тулуъ: "Аз Афғонистон ба Тоҷикистону Узбекистон 45 парвоз анҷом шудааст" АКС

Ozodi.org 

Телевизиони "Тулуъ", шабакаи маъруфи хабарӣ дар Афғонистон, бо такя ба манобеаш иттилоъ дод, ки шаби 15-уми август аз ин кишвар "ба Тоҷикистону шаҳри Тирмизи Узбекистон 45 парвоз анҷом шудаааст".



25 ҳазору 200 сомонӣ. Нархи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон маълум шуд

Ozodi.org 

Арзиши хидмати алтернативӣ дар артиши Тоҷикистонро, ки як моҳ тӯл хоҳад кашид, муайян кардаанд. Бино ба қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, нархи ин навъи хидмати сарбозӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 60 сомонӣ) аст, ки ба 25 ҳазору 200 сомонӣ баробар мебошад.

Ҳукумати Вахш раиси Идораи обро барканор кард, аммо дар бораи "хеши президент" чизе нагуфт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар посух ба шикояти сокинони ду деҳа, ки иддао доштанд "яке аз хешони президент" онҳоро беоб гузошт, раиси Идораи оби ноҳияро аз мансаб барканор кардаанд.

Панҷ нафар кушта дар терминалҳои Кобул

Ozodi.org 

Дар натиҷаи бебандуборие, ки дар миёни ҳазорҳо хостори тарки Афғонистон кардан дар терминалҳои фурудгоҳи Кобул  рӯй дод, панҷ нафар кушта шуд. Нирӯҳои ИМА гуфтанд, ки баъди ду даҳсола Афғонистонро тарк мекунанд ва ҷангиёни Толибон тавонистанд рӯзҳои истироҳати гузашта вориди Кобул шаванд. Чанд кишвари ғарбӣ гуфтанд, дипломатҳои сафоратҳои хориҷӣ ва ҳам нафаронеро, ки барои ҳукумат ва созмону кишварҳои хориҷӣ кор кардаанд, берун мебаранд. Мақомот натавонистанд сабаби кушта шудани ин нафаронро бигӯянд... Читать дальше...



Даъвати 70 кишвар аз Толибон: "Марзу фурудгоҳҳо бояд боз бошанд"

Ozodi.org 

Ҳудуди 50 кишвар ва аъзои Иттиҳоди Аврупо бо нашри изҳороти муштарак хостори таъмини амнияти бурунрафти онҳое шуданд, ки баъди ғасби шаҳри Кобул аз сӯи ҳаракати Толибон мехоҳанд, Афғонистонро тарк кунанд.

ТАҲЛИЛ: Толибон баргаштанд. Қадамҳои баъдӣ чист?

Ozodi.org 

Бо даромадани толибҳо ба Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон вазъ дар ин кишвар босуръат дигар мешавад. Ин дар ҳолест, ки президенти кишвар фирор кард ва нерӯҳои амниятӣ нопадид гаштанд. Ҳарчанд фол дидан мушкил аст, чанд пурсиши асосӣ пеш меояд, ки посух мехоҳанд.

Низомиёни мусаллаҳи афғон дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд

Ozodi.org 

Баъди фирори президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон як идда низомёни мусаллаҳи афғон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон убур намуданд. Феълан онҳоро дар шаҳри Бохтар ҷойгир намудаанд ва аз ин бештар маълумот дасрас нашудааст.

Бурқа, тарс ва тарки кишвар. Бозгашти "Толибон" баъди 20 сол. АКС

Ozodi.org 

Гурӯҳи "Толибон" рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуд ва пас аз бист соли сарнагунии ҳокимияташ дигарбора назорат бар Афғонистонро ба даст овард. Ин ҷунбиш аз соли 1996 то 2001 қудратро ба даст дошт, вале дар пайи амалиёти нирӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико вожгун шуд. Ҳоло бисёриҳо аз такрори ҳукуматдории гузаштаи "Толибон", ки қоидаҳои сахти шариатро ҷорӣ карда, монеи таҳсили духтарон ва боис ба нақзи ҳуқуқу озодиҳои мардум шуда буд, нигарон ҳастанд. Дар аксҳои зер бубинед, ки ҳоло дар Кобул ва гӯшаҳои дигари Афғонистон чӣ мегузарад.

Албания ва Косово барои паноҳандагони афғон сарпаноҳи муваққатӣ медиҳанд

Ozodi.org 

Албания ва Косово дархости ИМА-ро дар бораи ба паноҳҷӯёни Афғонистон пеш аз  визаи муҳоҷират ба ИМА сарпаноҳ гирифтанашон  қабул карданд. Нахуствазири Албания Эди Рама рӯзи 15-уми август гуфт, ки маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден аз Албания ба унвони як кишвари муттафиқ дар паймони НАТО хост, ки дар хокаш муваққатан паноҳҷӯёни афғонро қабул кунад. Рама дар Фейсбук навишт: “Мо на ба он хотир “не” намегӯем, ки муттафиқи  бузурги мо чунин дархосте кардааст, балки ба хотири он ки мо албанӣ ҳастем”. Читать дальше...

Таҳқиқи марги шаҳрдори Кривой Рог таҳти назорати президент Зеленский мегузарад

Ozodi.org 

Полиси Украина аз рӯи ҳодисаи марги шаҳрдори Кривой Рог, ки ҷасадаш  рӯзи якшанбе ошкор шуд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Полис гуфт, ки ҷасади Константин Павлови 48-сола, як узви фаъоли ҳизби рӯ ба Русияи “Барои зиндагӣ” рӯзи 15-уми август дар хонааш дар деҳаи Вилно ошкор шуд. Ҷасад осори тири туфанг дорад. Полис гуфт, ки силоҳ ҳам дар дохили хона пайдо шуд ва тафтишот фарзияи куштор ва ҳам худкуширо баробар таҳқиқ мекунад. Президент Владимир Зеленский, ки худ зодаи Кривой Рог мебошад, дар изҳороте тавассути Телеграм гуфт... Читать дальше...

"Толибон" дар кохи президенти Афғонистон. Сарнавишти "толибони тоҷик" чӣ мешавад?

Ozodi.org 

Бо расидани “Толибон” ба Кобул, барои Тоҷикистон ва кишварҳои дигар тақдири он шаҳрвандонашон, ки дар канори ин гуруҳ ва созмонҳои дигари террористӣ меҷанганд, хеле муҳим мегардад. Мақом ва нуфузи минбаъдаи онҳо чӣ гуна хоҳад буд? Чӣ чизеро аз ин гурӯҳҳо мунтазир шудан мумкин аст?

Агентии нафақаи ҶТ: нукоти баҳсии шартномаи нафақаи муҳоҷирон бо Русия бартараф шуд

Ozodi.org 

Дилмурод Давлатзода, раиси Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоии Тоҷикистон гуфтааст, ки ахиран миёни ин ниҳод ва идораи нафақаи Русия видеоконфронсе баргузор шуд ва нукоти баҳсноки шартномаи  нафақаи миёни ду кишвар бартараф гардид. Давлатзода дар як суҳбат бо нашрияи порлумонии "Садои мардум" гуфтааст, ки пас аз бартараф шудани нукоти баҳсӣ созишнома ба баррасии ҳукуматҳои ду кишвар ирсол шуд ва интизор меравад дар вохӯрии навбатии сарони ду кишвар ин санад ба имзо расад. Дар сурати ба имзо расидани ин созишнома муҳоҷирони кории тоҷик... Читать дальше...

Талоши тарки Кобул: ҳавопаймои Туркия сари вақт парида натавонист

Ozodi.org 

Субҳи 16-уми август баъди ишғоли Кобул аз тарафи Толибони афғон издиҳоми бузурге дар фурудгоҳи Кобул ҷамъ шуд. Ҷамъомадагон аксаран афғонҳое буданд, ки мехостанд Афғонистонро тарк кунанд. Дар наворе, ки корбарон ба хабаргузории Рейтерс фиристодаанд, дидан мумкин аст, ки сарфи назар садои тир издиҳом кӯшиш кард ба дохили фурудгоҳи Кобул роҳ ёбад. Ходимони фурудгоҳ мегӯянд, ҳавопаймои ширкати Kam-Air, ки мебоист аз Кобул ба Истанбул парвоз кунад, натавонист сари вақт ба ҳаво хезад, зеро хоҳишманди парвоз зиёд буд ва ҷойи нишаст ба ҳама нарасид. Читать дальше...

Даҳҳо ҳукумат ба ҳимояти мардуми Афғонистон ва паноҳандагон даъват карданд

Ozodi.org 

Даҳҳо ҳукуматҳо аз ҳама ҷонибҳои дахил дар таҳаввулоти Афғонистон тақозо карданд, ки ҷараёни тарки Афғонистон кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳам худи афғонҳоро “эҳтиром ва барояшон мусоидат кунанд”. Бисёр кишварҳои хориҷӣ сафоратҳои  худро дар Афғонистон мебанданд ва кишварро тарк мекунанд. Рӯзи 15-уми август Толибон вориди Кобул шуда худро пирӯз эълон карданд. Ҳузури 20-солаи нирӯҳои байналмилалӣ дар ин кишвари ҷангзада бо ҳамин ба охир мерасад. Ҳукумат пош хӯрд, президент Ашраф Ғанӣ  аз Афғонистон рафт. Читать дальше...


Музыкальные новости
Антонина Арталевская

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»





Rss.plus
Зенит

"Зенит" в Москве обыграл ЦСКА и сравнял счет в серии




Конференция о ведении бизнеса в ОАЭ пройдет в Подмосковье 23 мая

Более 1,9 тыс территорий в Подмосковье проверили на чистоту

В Москве откроется выставка сценических костюмов Надежды Кадышевой

Путин встретился с бывшими членами правительства России




Қурониёни зилзилаи Ҳаитӣ ба 1300 нафар расид

Ozodi.org 

Мақомот дар  Ҳаити, як кишвари ҷойгир дар минтақаи Карриб, гуфтанд, ки шумори қурбониёни зилзилае бо шиддати 7,2 дараҷаи Риҳтер то 1300 нафар афзоиш ёфт. Барои идомаи корҳои ҷустуҷӯву наҷоти одамон тимҳои ёрирасон аз кишварҳои дигар ҳам сафарбар шудаанд. Оҷонсии ҳимояти мулкӣ гуфт, ки дар зилзилаи ахир инчунин 5700 нафар маҷрӯҳ шуд ва ҳамаи онҳо беморхонаҳои маҳаллиро пур кардаанд. Рӯзи 16-уми август мақомот тимҳои калони табибонро ба минтақаҳои осебдида фиристоданд. Дар як арзёбии муфассали Оҷонсии ҳимояти мулкӣ ҳисоб шудааст... Читать дальше...

ИМА: интиқоли дипломатҳову мулкиҳо ба фурудгоҳи Кобул ба анҷом расид

Ozodi.org 

Департаменти давлатии ИМА дар изҳороте гуфт, ки тамоми кормандони сафорати ин кишвар дар Кобул ба фурудгоҳи шаҳри Кобул интиқол дода шуданд ва  фурудгоҳ таҳти назорати амниятии амрикоиҳо қарор дорад. Дар изҳорот инчунин омадааст, ки интиқоли дипломатҳо, кормандони мулкии амрикоӣ ва шаҳрвандони Афғонистон, ки дар давоми ҷанг ба амрикоиҳо ёрӣ расониданд, шурӯъ хоҳад шуд. Дар як изҳорот Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 15-уми август гуфт, ки “интиқоли амни кормандони сафорат ба анҷом расид”. Читать дальше...



Москва

Новая попытка азербайджанских вандалов исламизировать армянское культурное наследие в оккупированном Шуши


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Неделя мэра: завод «Москвич», гранты для школ искусств и система городских вокзалов



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Не чувствую руку: Доктор Кутушов рассказал к чему приводит частое онемение конечностей




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»


ATP

Стало известно, при каком условии Медведев может опуститься на 5-е место рейтинга ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге об энергоэффективном жилье



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России