Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2021

Новости за 05.08.2021

Афзоиши бемории ҳамагир дар Суғд. "Беэҳтиётӣ"-и мардум ё "гуноҳ"-и мақомот? ВИДЕО

Ozodi.org 

Раҳбарони бахши тандурустии Суғд беэҳтиётии мардумро сабаби густариши дигарбораи коронавирус дар вилоят медонанд, вале коршиносон ин вазъиятро натиҷаи "бархӯрди нодуруст"-и мақомот дар ибтидои пандемия меноманд.

Тимановская: Хушбахтам, ки дар Полша дар амният ҳастам

Ozodi.org 

Варзишгари се рӯз пеш аз бозгашти маҷбуриаш ба Беларус фироркарда гуфт, аз он ки дар Полша “дар амният” қарор дорад, “хушбахт” аст. Кристина Тимановскаяи 24-сола шаби гузашта бо роҳи Токио-Вена ба шаҳри Варшава расид ва аз роҳи дархости гирифтани паноҳандагӣ таҳти ҳимояти дипломативу сиёсии Полша гузашт. Ӯ дар изҳороти матбуотиаш рӯзи 5-уми август гуфт, ки аз ёрии Полша бисёр миннатдор аст ва изҳори умедворӣ кард, ки рӯзе ҳатман метавонад ба Беларус баргардад. “Ман ба ин кишвар хиёнат накардаам, ин ватани ман мемонад”, гуфт ӯ. Читать дальше...

Суқути чархбол (вертолет) дар Ванҷ. "Як нафар ҷон бохта, чаҳор кас захмӣ шуд"

Ozodi.org 

Як чархболи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар роҳ ба назди сайёҳони рус, дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, афтодааст. Як масъули ҳукумати ноҳия, рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин ҳодиса як нафар ҷон бохта, чаҳор каси дигар захмӣ шуданд."



Пешсафии Чин дар Олимпиадаи Токио идома дорад

Ozodi.org 

Бозиҳои 32-юми тобистонаи олимпӣ дар Токиои Ҷопон, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то рӯзи 8-уми август идома хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол дар ин Олимпиада варзишгарони 86 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 61 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд. Дар Олимпиадаи Токио ҳоло аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Чин дар мақоми аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 73 медал, аз он ҷумла 33 нишони тилло, гирифтаанд. Мақоми дувумро мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 86 медал... Читать дальше...



Apple гуфт, ки чаро хадамот ва маҳсулоташ дар Тоҷикистон гарон аст

Ozodi.org 

Сомонаи Apple Developer навишт, дар ҳоле ки дар қитъаҳои дигари олам арзиши хидматрасониву маҳсулоти ширкати Apple поин меравад, дар Гурҷистону Тоҷикистон рӯ ба болост. Сабаби афзоиши нархро ба гаронии андоз ё молиёт дар ин ду кишвар рабт доданд.

Қатли Нозанини 21-сола. Толибон гуфтанд, кори онҳо набуд

Ozodi.org 

Пулиси вилояти Балхи Афғонистон мегӯяд, Толибон як хонуми ҷавонро барои он ба қатл расонданд, ки дар тан либоси танг дошт ва бидуни маҳрам (марде аз наздиконаш) аз хона берун шуда буд. Рӯзи 3-уми август раиси пулиси вилояти шимолии Балх Зиё-ул-ҳақ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар деҳае рӯй дод, ки зери назорати Толибон аст. Сухангӯи пулиси Балх дирӯз иброз дошт, ки номи ин хонуми 21-сола Нозанин буд ва ӯ мехост савори мошин шуда, ба шаҳри Мазори Шариф сафар кунад. Ба гуфтаи Одил, зан дар сар бурқа кашида буд. Читать дальше...

"То шикоят нашавад, "ҳақистонӣ" дар Фотеҳобод таҳқиқ намешавад"

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки чандин нафар тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи “ҳақситонӣ” дар гузаргоҳи “Фотеҳобод” (Ойбек)-и байни Тоҷикистону Узбекистон шикоят карданд, мақомот мегӯянд, ҳанӯз ба онҳо муроҷиат нашудааст.

Ба таҳқиқи "ҳақситонӣ" дар "Фотеҳобод" рафтаанд, аммо мегӯянд, "расман даъвое нест" ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки чандин нафар тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи “ҳақситонӣ” дар гузаргоҳи “Фотеҳобод” (Ойбек)-и байни Тоҷикистону Узбекистон шикоят карданд, мақомот мегӯянд, ҳанӯз ба онҳо муроҷиат  нашудааст.

Тимановская дар Полша суханронӣ хоҳад кард

Ozodi.org 

Кристина Тимановская, варзишгари аз Беларус фирор кардааст, шоми 5-уми август дар Варшава, пойтахти Лаҳистон ё Полша, ки он ҷо таҳти ҳимояти дипломатии ин кишвар мебошад ва аз он дархости паноҳандагӣ кард, бо хабарнигорон суҳбат мекунад. Варзишгари 24-сола, ки таҳти фишори раҳбарони риштаи варзиши кишвараш қарор гирифту қариб буд, маҷбуран ба Беларус бурда мешуд, аз нишастан ба ҳавопаймои самти Токио-Минск худдорӣ кард. Ҳамсараш ҳам ҳамзамон кишварро тарк карда, қарор аст, ки ба ӯ ҳамроҳ шавад. Лаҳистон... Читать дальше...

Озан Севимли -- намояндаи нави Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон

Ozodi.org 

Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, аз 2-юми август иқтисодшиноси ботаҷриба Озан Севимли мудири нави барномаҳои ин ниҳоди байналмилалии молӣ дар Тоҷикистон таъин шудааст. Дар ин мақом ӯ Ян-Петер Олтерсро иваз кард, ки чор соли охир раҳбари дафтари БҶ дар ин ду кишвари Осиёи Марказӣ буд. Ба навиштаи дафтари матбуоти Бонки Ҷаҳонӣ, Озан Севимли аз соли 2005 ба ин сӯ дар вазифаҳои гуногуни ин сохтор дар кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ, Африқо, Амрикои Лотин ва минтақаҳои Кариб кор кардааст. Кори охирини ӯ пеш аз таъин... Читать дальше...

Муқаррароти нави сафар дар ИМА ва Бритониё дар шароити пандемия

Ozodi.org 

Маъмурияти Байден дар талоши ин аст, ки ба ҳама хориҷиҳои вориди ИМА шаванда талаботи эмшавӣ бар зидди коронавирусро ҷорӣ кунад. Дар ин бора 4-уми август Кохи Сафед хабар дод. Дар ҳамин ҳол Бритониё гуфтааст, ки қоидаҳои сафарро ба ин кишвар сабуктар мекунад. Маъмурияти Байден маҳдудиятҳои марбут ба сайру сафарҳои байналмилалӣ ба ИМА-ро тағйир надодааст, вале ҳоло мегӯяд, ки барои хориҷиҳое, ки пурра эм карда шудаанд,   шароити “бехатари” ворид шудан ба кишварро фароҳам мекунад. Мақомот ҷузъиёти бештар надоданд. Читать дальше...

Хонаводаии Сомон Маҳмадбеков дар Хоруғ мактаби гӯштӣ месозад

Ozodi.org 

Хонаводаи Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони тоҷик ният дорад дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон толор ва мактаби гӯштиро бунёд карда, онро бо устодони варзида таъмин намояд. Дар ин бора  Сомон Маҳмадбеков ҳамроҳ бо бародар ва падараш - Моёншо Маҳмадбеков, мураббии ҷудо дар мулоқот бо раиси вилоят  Ёдгор Файзов хабар додааст. Сафари Сомон ба вилоят баъди баргаштанаш аз бозиҳои олимпии Токио сурат гирифт. Ёдгор Файзов оилаи варзишгарони тоҷикро барои сӯҳбат пазируфта аз ташаббуси онҳо дастгирӣ кардааст. Читать дальше...


Музыкальные новости
Концерт

Концерт в музее имени П.И. Чайковского





Rss.plus
Арцах

Новая попытка азербайджанских вандалов исламизировать армянское культурное наследие в оккупированном Шуши




Путин рассказал, что регулярно созванивается с Си Цзиньпином с 2010 года

В СМИ рассказали о получении начальником кадрового главка МО взятки в виде коттеджа

Кто такой Антон Алиханов, который возглавил российскую промышленность?

В Кремле назвали отрасль стратегической кооперации с Китаем




АП: Дар Панҷакент мусофиронро нагузоштанд ба марзи Узбекистон гузаранд

Ozodi.org 

Хабаргузории Азия-Плюс менависад, дирӯз даҳҳо тан дар  назди бинои ҳукумати шаҳри Панҷакент ҷамъ омаданд. Онҳо  мусофироне мебошанд, ки мебоист тариқи гузаргоҳи “Саразм” – “Ҷартеппа” ба Ӯзбекистон рафтаву аз он ҷо ба Русия парвоз  мекарданд. Аммо аз шаби 3-юми август гузаргоҳи марзӣ  баста шуда, мусофироне, ки аксарият сокинони  Панҷакент мебошанд, ҳайрон мондаанд. Сабаби  баста шудани марзро мақомот тавзеҳ  надодаанд, аммо раиси  шаҳр ба назди ҷамъомадагон баромада,  ваъда додааст, ки  мушкилашонро баррасӣ мекунанд. Читать дальше...

Рейдҳои зидди муҳоҷирон дар Русия дар давраи пандемия ҳам бас нашуд

Ozodi.org 

Дар Санкт-Петербург намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар даҳҳо нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва 30 макони истиқоматии шаҳрванди хориҷӣ рейд гузаронда, иҷрои қонунгузории муҳоҷиратро тафтиш кардаанд. Хадамоти давлатии муҳоҷирати ин шаҳр мегӯяд, дар натиҷа беш аз 250 нафар ба шӯъбаҳои пулис бурда шуда, дар ҳуҷҷатҳои 176 нафарашон камбудӣ ёфтаанд. Ҳамаи онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ҳамчунин даҳҳо нафари дигарро барои майдаавбошӣ ва нӯшидани машруботи спирӣ дар маконҳои манъшуда ҷарима бастанд. Бар илова... Читать дальше...

Президенти нави Эрон дар парлумон савганд ёд мекунад

Ozodi.org 

Иброҳим Раисӣ, президенти нави Эрон рӯзи 5-уми август дар баробари маҷлиси ин кишвар  маросими савгандёдкунии дузинаиро ба охир мерасонад. Раисӣ дар ҳоле ба кор шурӯъ мекунад, ки Ҷумҳурии Исломӣ бо сабаби таҳримҳои ИМА ғарқи мушкилоти сангини иқтисодӣ, бӯҳрони беҳдоштӣ ва дар байни муколамаи бисёр печидаи ҳастаӣ бо қудратҳо барои барқарории созиши соли 2015 қарор дорад. Раисӣ дар гузашта дар мақоми раиси додгоҳи олӣ кор карда, аз ҷониби ИМА барои нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, содир кардани ҳукмҳои қатли зиндониҳои сиёсӣ таҳрим шудааст. Читать дальше...

500 сомонӣ ба ҳар оилаи камбизоат дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки додани кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат дар кишвар оғоз шудааст. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба 165 ҳазор оила дар ҳаҷми 500 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад. Ин маблағҳо дар доираи кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ аст, ки моҳи май ба Тоҷикистон дода буд.   Ба навиштаи хабаргузории давлатии “Ховар”, додани кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат моҳи август оғоз шуда, то охири сол давом мекунад. Дар марҳилаи аввал дар моҳи август ба 84 ҳазор оилаҳои камбизоат... Читать дальше...

Halyk Bank дар Тоҷикистон баста мешавад

Ozodi.org 

Бонки халқии Қазоқистон эълон кард, ки бонки зертобеашро дар Тоҷикистон барҳам медиҳад. Намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон бо номи «Халиқ бонк Тоҷикистон» фаъолият мекунад ва аз бонкҳои фаъоли кишвар аст. Вале Бонки халқии Қазоқистон рӯзи 4-уми август хабар дод, ки бо қарори Шӯрои директорон бонки зертобеашро дар Тоҷикистон ихтиёран барҳам медиҳад.   «Мутобиқи стратегияи рушди соҳаҳои ояндадори тиҷорат, Halyk Group тасмим гирифт, ки аз лоиҳа дар Тоҷикистон даст кашад то тамоми захираҳо ва саъю... Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о производстве в Москве умных меток и смарт-карт



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Визбор

На летнем джазовом фестивале в Перми выступит внучка барда Юрия Визбора




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса


Новак Джокович

Кто транслирует бой Табило против Джоковича на турнире Rome Masters 1000?



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Симферополь

Театр и цирк, Россия и культура, дети: Госцирк Бурятии представил новое руководство



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России