Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2021

Новости за 14.08.2021

Толибон Мазори Шарифро гирифтанд. Ато Муҳаммади Нур гуфт, бо Дӯстум "дар ҷойи амн" аст, аммо нагуфт куҷо

Ozodi.org 

Ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон чаҳорумин шаҳри калонтарини Афғонистон – Мазори Шариф (маркази вилояти Балх)-ро дар шимоли ин кишвар ишғол карданд. Дар куҷо будани раҳбарони мудофиаи вилояти Балх, маршал Абдулрашид Дӯстум ва волии пешини вилоят Ато Муҳаммади Нур маълум нест.

Дар фазои ишғолгариҳои Толибон президент Ғанӣ аз ҳифзи "дастовардҳо" гуфт

Ozodi.org 

Президент Ашраф Ғанӣ ваъда дод, ки аз “дастовардҳои” 20 соли ахири Афғонистон даст намекашад, дар ҳоле, ки хабарҳо аз ишғоли ҳарчи бештари қаламравҳои кишвар аз ҷониби Толибон мерасанд ва ИМА ҳам барои берун бурдани мардуми мулкӣ нирӯҳои иловагиро ба Кобул ирсол намуд. Ашраф Ғанӣ дар ҳоле ба мардуми кишвар тавассути телевизион муроҷиат кард, ки субҳи имрӯз,  14-уми август Толибон амалиёти зидди Мазори Шарифро шурӯъ карданд. Дар рӯзи шанбе хабарҳо аз ишғол шудани боз ду маркази дигари маъмурии вилоят расид. Читать дальше...



Ҳалокати ҳашт нафар дар паи суқути ҳавопаймое дар Туркия

Ozodi.org 

Хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки дар паи суқути  ҳавопаймое, ки дар ҷануби Туркия дар амалиёти сӯхторхомӯшкунӣ ширкат мекард, ҳашт нафар кушта шуд.  Интерфакс ва Тасс бо такя ба вазорати дифои Русия гуфтанд, ки ҳавопаймои Be-200  баъд аз зӯҳри 14-ми август дар наздикиҳои шаҳри Аданаи Туркия ба замин афтод. Ба иттилои вазорат, панҷ ҳодими низомии Русия  ва се шаҳрванди мулкии Туркия кушта шуданд. Ҳавопаймои зидди сӯхторхомӯшкунӣ хеле бузург буда, махсус барои обпошӣ дар маконҳои мушкилгузар ба кор меравад. Читать дальше...

"Толибон духтарҳои моро маҷбуран ба занӣ мегиранд". Саргузаштҳои талхи овораҳои Кобул. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо афзоиши ҳуҷумҳову ишғолгариҳои Толибон дар саросари Афғонистон, даҳҳо ҳазор сокини мулкӣ маҷбур мешаванд маконҳои зисти худро тарк кунанд. Ба ҳисобҳои тахминии СММ, шумори мардуми бечошуда аз 240 ҳазор нафар гузаштааст.

Шикоят ба Додгоҳи олӣ: "Ҳукми додгоҳи ноҳия беасос аст". ВИДЕО

Ozodi.org 

Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, корманди милисае, ки моҳи феврали имсол аз тири силоҳ дар бинои пулиси ноҳияи Панҷ ҷон бохт, аз болои ҳукми додгоҳи ин ноҳия ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Ашраф Ғанӣ гуфт, дастовардҳои кишварро раҳо нахоҳад кард

Ozodi.org 

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, аз “дастовардҳои” 20 соли гузашта даст намекашад ва “машваратҳо” идома доранд. Президенти Афғонистон  рӯзи 14-ми август ин нуктаро дар як изҳороти мухтасари телевизиониш баён кард, ки аввалин бор баъди вусъатёбии таҳоҷумҳои ишғолгаронаи Толибон дар саросари Афғонистон нашр шуд. Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс, Ашраф Ғанӣ гуфт, ки машваратҳои ӯ оид ба вазъи кунунии кишвар бо раҳбарони маҳалливу байналмилалӣ идома дорад. Ғанӣ гуфтааст: “Ба ҳайси президенти шумо... Читать дальше...



Баъди ишғоли Ҳирот Эрон аз Толибон хост, ки амнияти дипломатҳояш таъмин шавад

Ozodi.org 

Эрон аз Толибон тақозо кард, ки амнияти дипломатҳову кормандонашро дар консулгарии воқеъ дар шаҳри ғарбии Ҳирот  таъмин кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки сафоратҳои Ғарб ва созмонҳои имдодрасон кормандонашонро аз хоки Афғонистон берун мебаранд. Аз ҷониби Толибон дар чанд рӯзи гузашта ишғол шудани Қандаҳору Ҳирот ва чанд шаҳри калони дигари кишвар боиси нигаронӣ аз суқути ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул шудааст. Толибон дар изҳороте гуфтанд, ки “дипломатҳову кормандони сафоратҳо, консулгариҳо ва сохторҳои... Читать дальше...

Канада барномаи нави кӯмак ба муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистонро қабул кард

Ozodi.org 

Вазири муҳоҷирати Канада Марко Мендисино рӯзи 13-уми август гуфт, ки ин кишвар ният дорад  беш аз 20 ҳазор шаҳрванди Афғонистонро ба хотири ҳимояти онҳо аз қассосгириҳои Толибон дар хоки худ сарпаноҳ диҳад. Нақшаи мазкур гурӯҳи афроди фавқулодда заъфпазири мисли раҳбарони созмонҳои занон, ҳомиёни ҳуқуқ, журналистон, аққалиятҳои динӣ ва намояндагони ҷомеаи аққалиятҳои ҷинсиро фаро хоҳад гирифт. Мендисино гуфт, ки ба ин гурӯҳ ҳам афроди сокини Афғонистон ва ҳам фироркардаҳо ба кишварҳои ҳамсоя дохил мешаванд. Читать дальше...

Санаи сафари Меркел ба Маскав эълон шуд

Ozodi.org 

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон рӯзи 20-уми август дар Маскав бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Дафтари Меркел 13-уми август хабар дод, ки баъди Маскав рӯзи 22-юми август Меркел ба Украина меравад. Ин нахустин сафари Меркел ба Русия баъди январи соли 2020 мешавад, якуним соли охир ду раҳбар бештар телефонӣ ҳамсӯҳбат шудаанд. Кремлин дар як хабаре гуфт, ки ҷонибҳо дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам масоили байналмилалӣ гуфтугӯ хоҳанд кард. Ин сафар дар ҳоле барпо мешавад... Читать дальше...

Рад шудани визаи журналисти ВВС дар Маскав мавриди маҳкумияти Лондон шуд

Ozodi.org 

Русия тамдиди визаи журналистои ВВС дар Маскавро рад кард ва амалан ӯро аз кишвар хориҷ намуд.  Дар як изҳороте рӯзи 13-уми август раҳбарияти шабакаи  бритониёӣ амали мақомоти Русия нисбати Сара Рейсфордро “ҳамлаи мустақим ба озодии матбуот” номид ва ҳукумати Бритониё аз Маскав тақозо намуд, ки “тасмими худ нисбати журналисти ҷоизадори ВВС-ро бозбинӣ кунад, чун он метавонад озодии матбуот дар Русияро бештар хароб кунад”. Ин қарор дар ҳолест, ки мақомот дар Русия дар остонаи интихоботи  парлумонии... Читать дальше...

Вазъи сангини беморхонаҳо дар 7 аёлати Амрико ва рекордҳои нави COVID-19 дар Русия

Ozodi.org 

Бемористонҳо ҳафт аёлати Амрико аз гирифторони шакли сангини коронавирус пур шудаанд ва дар Русия як рӯзи рекордии нави олудашавӣ  ба қайд гирифта шуд. Дар кишвари Бразилия омори фавт бар асари коронавирус дар як рӯз ба ҳазор нафар наздик шудааст. Рӯзи 13-уми август баъди он ки вазъи бемористонҳои аёлати Алабама  бо сабаби афзоиши беморони шакли сангини коронавирус фавқулодда мушкил арзёбӣ шуд, мақомот дар ин аёлат ҳолати изтирорӣ  ҷорӣ карданд.  Дар аёлати соҳилии Орегон ҳам мақомот 1500 узви... Читать дальше...

Задухӯрдҳои сангин дар атрофи Мазори Шариф

Ozodi.org 

Субҳи 14-уми август хабарҳо аз даргириҳои сангин дар наздикиҳои шаҳри шимолии Мазори Шариф расид. Мақомот ба хабаргузории АР гуфтанд, ки ҷангиёни Толибон ҳамлаи густурдае ба ин шаҳрро оғоз карданд. Мунир Аҳмад Фарҳод, сухангӯи волии минтақаи шимолии Балх ба АР хабар дод, ки субҳи 14-уми август ҷангиёни Толибон "аз чанд самт ба шаҳр ҳамла карданд". Дар як паёме ба унвонии Радиои "Афғонистони озод" сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид иддао кард, ки ҳуҷуми Толибон ба шаҳр аз чор самт шурӯъ шуд. Ҳанӯз се рӯз пеш... Читать дальше...

Омори нави олудагӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи 12 то 13-уми август дар кишвар 67 ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Ба иттилои расмӣ, дар маҷмӯъ дар кишвар аз замони шурӯи пандемияи коронавирус  15997 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 сабт шуда,  123 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд. Ин хабар дар ҳолест, ки бино ба омори ғайрирасмӣ, шумори воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон метавонад ба маротиб зиёд бошад, чун мақомоти... Читать дальше...

Чаро Ҳасибулло Файзӣ пас аз асорати Толибон аз тӯи арӯсӣ даст кашид? ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳасибулло Файзӣ, як фармондеҳи нерӯҳои низомии давлати Афғонистон соли 2016 пас аз оне, ки ҷангиёни Толибон чарболи низомии ҳомили ӯ ва гурӯҳе аз сарбозонро сарнагун карданд ба дасти онҳо асир афтод.



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о поддержке организаций и ИП в Белгороде


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

ЖКП: музыкант Игорь Бутман описал Пугачеву тремя буквами




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


Новак Джокович

Кто транслирует бой Табило против Джоковича на турнире Rome Masters 1000?



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

Наталью Круглову назначили на должность псковского городского судьи



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России