Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2021

Новости за 13.08.2021

Толибон ӯро шиканҷа кардаанд. Саргузашти сангини Ҳасибулло

Ozodi.org 

Соли 2016, вақте Ҳасибулло Файзӣ ва гурӯҳи дигари низомиён ба дасти  Толибон асир шуданд, тасаввур ҳам намекарданд бо чӣ даҳшатҳое рӯбарӯ мешаванд. Низомии собиқ дар сӯҳбат бо радиои “Афғонистони озод” мегӯяд, дар орзуи марг буд, чун таҳаммули шиканҷаҳои Толибонро надошт.

Намояндаи USAID дар Тоҷикистон: "Доштани омори дуруст дар бораи мушкилоти бузург ҳамеша хуб аст". ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо афзоиши шумораи гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон, масъалаи ҷалби сокинон ба дарёфти ваксина ва шеваҳои мубориза ба ин беморӣ доғтар мешавад. Намояндагии Оҷонсии USAID дар Душанбе, аз созмонҳоест, ки дар мубориза бо пандемияи COVID-19, дастрасӣ ба ваксина ва кӯмак ба беморхонаҳо бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Рэнди Колстад, иҷрокунандаи раҳбари намояндагии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ ё USAID дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми август дар як мусоҳибаи ихтисосӣ... Читать дальше...

Намояндаи USAID: "Доштани омори дуруст дар бораи мушкилоти бузург ҳамеша хуб аст"

Ozodi.org 

Рэнди Колстад, иҷрокунандаи раҳбари намояндагии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ ё USAID дар Тоҷикистон, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ба пурсишҳои Радиои Озодӣ посух дод.



Даъво сари як хона ба поён расид. Сокини Хуҷандро баъди 25 сол аз манзилаш берун карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Баҳси пурсарусадои атрофи як хона дар Хуҷанд ба поён расид. Тарафҳои баҳс ҳарчанд хешу таборанд, яке аз Тоҷикистон ва дигаре аз Исроил аст. Ахиран маълум шуд, ки хона дар моҳи июн барои зиндагии Елена Гринберг холӣ карда шуд. Масъулони Хадамоти иҷрои қарорҳои додгоҳӣ дар вилояти Суғд гуфтанд, хонаро ба соҳиби аслиаш баргардонидаанд. Ба гуфтаи Алиҷон Амонзода, сардори намояндагии Хадамоти иҷро дар Суғд, борҳо ба Муқаддас Шамсиддинова муҳлат доданд, ки хонаро холӣ кунад, аммо дар вақти ҷудогардида талаботро иҷро накард. Читать дальше...

Сокини Хуҷандро аз манзили зисташ берун карданд

Ozodi.org 

Сокини Хуҷандро аз манзили зисташ берун карданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ Фарзон Муҳаммадӣ гузориш медиҳад, ки сокини Хуҷанд натавонист собит кунад, ки пули манзилро ба қадояш пардохт кардааст.



Вазири дифои Бритониё гуфт, "эҳтимоли бозгашти нирӯҳои ғарбӣ ба Афғонистон вуҷуд дорад"

Ozodi.org 

Бен Уоллес, вазири дифои Бритониё гуфт, агар дар заминаи пешрафти Толибон гурӯҳи террористии «Ал-Қоида» ҷойгоҳи худро дар Афғонистон устувор кунад, эҳтимол дорад, кишварҳои Ғарб низомиёни худро ба Афғонистон баргардонанд. Уоллес ин андешаро рӯзи 13-уми август дар мусоҳибааш бо радиои LBC баён кард. Ӯ гуфт, агар Толибон бо “Ал-Қоида” ҳамкорӣ кунад, ин чиз боиси ҳамла ба давлатҳои ғарбӣ ва кишварҳои дигар мешавад. Он гоҳ Ғарб “метавонад” ба Афғонистон баргардад. Уоллес амалан нахустин мансабдори баландпояи Ғарб аст... Читать дальше...

Амир Исмоилхон, фармондеҳи номдори ҷиҳодӣ дар Ҳирот ба асорати Толибон афтод

Ozodi.org 

Муҳаммад Исмоилхон, аз фармондеҳои маъруфи ҷиҳодӣ дар замони Шӯравӣ ва муқовимат алайҳи Толибон дар охири солҳои 90-ум ва аз раҳбарони хезишҳои мардум дар Ҳирот, ба асорати Толибон афтодааст. Ӯ аз чанд ҳафта ба ин тараф раҳбарии хезишҳои мардумӣ дар Ҳиротро ба дӯш дошт ва алайҳи Толибон меҷангид. Шаҳри Ҳирот шоми 12-уми август ба чанги Толибон афтод. Толибон ҳам дар як эъломия гуфтаанд, ки Муҳаммад Исмоилхон ва низ шуморе аз мақомоти вилояти Ҳирот, аз ҷумла волии он Абдусабур Қонеъ "таслим"-и онҳо шудаанд. Читать дальше...

Таалайбек Сарибашов мақоми шаҳрдори Бишкекро тарк кард

Ozodi.org 

Таалайбек Сарибашов аз мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бишкек истеъфо дод. Дар як паёми видеоӣ, ки ёвари ӯ Азамат Абсатторов дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, дар бораи ин тасмими Сарибашов хабар медиҳад. Ба гуфти Сарибашов, ин қарорро худаш қабул кардааст ва дар ин ҷо ягон ангезаи сиёсӣ вуҷуд надорад. Ӯ афзудааст, ки то ин дам се сол ҳамчун шаҳрдори Ӯш кор кардаву то ҳадди имкон ба мардум хидмат намудааст. Вай қайд кард, ки дар моҳҳои наздик ӯ дар бораи нақшаҳои минбаъда гузориш хоҳад дод.

1 тонна маводи мухаддир ба коми оташ рафт

Ozodi.org 

Мақомоти пулис дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки ҳудди як тонна маводи мухаддире, ки аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ кашф ва мусодира шудааст, дар оташ нобуд карданд. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 12-уми август гуфт, маҳви маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони додситонӣ, додгоҳ ва  хабарнигорон доир шуд. Дар миёни маводи нобудшуда, ба навиштаи вазорат, беш аз 34 килограмм ҳероин, 214,5 килограмм афюн, 605 килорамм бангдона ва 272,5 килограмм ҳашиш будааст. Гуфта мешавад... Читать дальше...

Русия ба Тоҷикистон 50 ҳазор воя "Спутник V" тақдим кард

Ozodi.org 

Субҳи 13-уми август Русия ба ҳайси ёрии башарӣ ба Тоҷикистон 50 ҳазор воя ва ё дозаи ваксинаи зидди коронавирус - "Спутник V"-ро ирсол намудааст.  Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон ба расонаҳо хабар додааст. Аввали ин ҳафта Олмон ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор  воя ваксинаи AstraZeneca ваъда кард. Феълан сокинони Тоҷикистон со ваксинаҳои британиявиву шведии AstraZeneca, ваксинаи чинии "Короновак" ва ваксинаи амрикоии "Модерна" моякӯбӣ мешаванд. Тибқи омори вазорати тандурустии Тоҷикистон... Читать дальше...

Мошине бо як оила ба ҳангоми интиқоли ҷасад ба Ишкошим дар Дарвоз ба дарё афтод

Ozodi.org 

Шаби 11-ум ба 12-уми август як мошини сабукрав бо 5 мусофир, ки ҷасадеро аз Душанбе ба Ишкошим барои хоксупорӣ интиқол медоданд, дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Дар ин садама панҷ мусофири ин мошин, ки ҳамагӣ аъзои як оила будаанд, ҳалок шудаанд. Яке аз пайвандони ин оила бо номи Аминҷон, ки дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон кор мекунад, рӯзи 12-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, панҷ нафар аз хешовандонаш дар мошин як ҷасадро барои хоксупорӣ ба Ишкошим мебурданд. Читать дальше...

ИМА барои берун бурдани кормандони сафорат аз фурудгоҳи Кобул нирӯҳои иловагӣ мефиристад 

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки ҷангиёни Толибон қаламравҳои ҳарчи бештарро дар саросари Афғонистон ишғол мекунанд, ИМА барои таъмини амнияти кӯч додани кормандони дипломатиаш ба фурудгоҳи Кобул нирӯҳои иловагиро сафарбар мекунад. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 12-уми август ба журналистон гуфт, “дар шароити тағйирёбии вазъи амниятӣ дар кишвар мо ҳузури кормандони мулкиамонро дар Кобул коҳиш медиҳем”.   Сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки 3 ҳазор нирӯи иловагӣ ба сафи 650 сарбози дигар дар Кобул мепайвандад... Читать дальше...

Эрон барои як акс сафирони Русияву Бритониёро даъват кард

Ozodi.org 

Эрон барои нашри аксе дар  шабакаи Твиттери сафорати Русия, ки ҳодисаҳои таърихии замони Ҷанги дуюми ҷаҳонро  ба ёд меоранд, сафирони Русия ва Бритониёро даъват кард. Матбуоти давлатӣ рӯзи 12-уми август гузориш дод, ки вазорати корҳои хориҷии Эрон сафирон Леван Ҷагарян ва Саймон Шерклиффро барои аксе, ки конфронси соли 1943-и Теҳрон, замони аз ҷониби Русия ва Бритониё ишғол шудани Эронро ба ёд меорад, “даъват намуд”. Дар ин акс дида мешавад, ки сафирони Русия ва Бритониё мисле, ки нахуствазири Бритониё... Читать дальше...

ИМА эми иловагии зидди COVID-19-ро барои осебпазирон раво донист

Ozodi.org 

Идораи хӯрок ва дорувори Иёлоти Муттаҳида (Food and Drug Administration) як вояи иловагии ваксинаи COVID-19-ро барои одамони дорои иммунитет ё масунияти суст маъқул донист, то аз нигаҳдории онҳо аз коронавирус қавтиар шавад. Пештар гуфта мешуд, вояи сеюм зиёдатист. Аммо ин ниҳод рӯзи 12 август гуфт, дастураш ба миллионҳо амрикоие дахл дорад, ки бо сабаби пайванд ё трансплантатсияи узвҳои бадан, баъзе намудҳои саратон ё мушкилоти дигари тандурустӣ махсусан осебпазиранд. Доктор Рошел Валенский, раиси... Читать дальше...


Музыкальные новости
Композитор

Композитор Классической музыки





Rss.plus
Армения

В Армении прошел крупнейший на постсоветском пространстве «Бессмертный полк». Видео. Фоторяд




Путин рассказал, что регулярно созванивается с Си Цзиньпином с 2010 года

Кто такой Антон Алиханов, который возглавил российскую промышленность?

По делу генерала МО Кузнецова проведены обыски сразу по нескольким адресам

Дадут за курить: штрафовать за мелкие нарушения планируют с помощью камер




CPJ озодии билофосилаи журналисти беларусиро тақозо кард

Ozodi.org 

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) аз мақомоти Беларус тақозо кард,  журналист Сергей Ҳардиевичро, ки бо иттиҳоми таҳқири раҳбари худкома Александр Лукашенко ва ду ходими полис ба 18 моҳи ҳабс маҳкум шудааст, билофосила озод кунанд. Карлос Мартинес де ла Серга, раҳбари барномавии CPJ  рӯзи 12 август бо нашри изҳороте гуфт, ки “ҳабси журналист Сергей Ҳардиевич бори дигар вайрон кардани қонун аз ҷониби мақомоти Беларусро ба намоиш мегузорад, ки ҳадафаш пахши садои журналистони пӯшишдиҳандаи қонушиканиҳои кормандони ҳифзи қонун мебошад”. Читать дальше...

Қандаҳор ҳам ба дасти Толибон гузашт

Ozodi.org 

Манбаъҳои маҳаллии Радиои “Афғонистони озод” мегӯянд, Толибон рӯзи 13-уми август шаҳри Қандаҳор, дуюмин калонтарин шаҳри Афғонистонро ишғол карданд. Барои гурӯҳи ҷангӣ, ки бо шурӯи тарки Афғонистон кардани нирӯҳои ИМА даст ба ҳуҷумҳои густарда задааст,  ин як дастоварди азим ба шумор меравад. Як намояндаи ҳукумати маҳаллӣ ба оҷонсии Ройтерс гуфт: “Дар паи задухӯрдҳои шадиди шаби гузашта Толибон Қандаҳорро ба даст оварданд”. Дар фурудгоҳи Қандаҳор дуюмин пойгоҳи калонтарини амрикоиҳо ҷойгир буд ва онро ҳанӯз нирӯҳои давлатӣ назорат мекунанд. Читать дальше...

ИМА гуфт, дар баробари амният ва суботи Афғонистон ӯҳдадор боқӣ мемонад

Ozodi.org 

Вазири дифоъ ва котиби давлатии ИМА ба президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфтанд, бо вуҷуди қарори маҳдуд кардани шумори кормандони сафорат дар Кобул, ИМА “ӯҳдадории худро дар амри саҳмгузорӣ ба дифоъ аз  амнияту суботи Афғонистон дар пешорӯи хушунати Толибон иҷро хоҳад кард”. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва вазири дифоъ Ллойд Остин рӯзи 12-уми август ин нуктаро дар сӯҳбати телефонӣ бо Ғанӣ баъди эълони кам шудани кормандони сафорат дар Кобул аз ҳисоби кормандони мулкӣ  таъкид карданд. Нед Прайс... Читать дальше...

Русия ба Тоҷикистон 50 ҳазор вояи "Спутник V" тақдим кард 

Ozodi.org 

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ба Тоҷикистон 50 ҳазор вояи "Спутник V" тақдим кард. Ин кӯмак рӯзи 13 август ба Душанбде расонда шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон ба расонаҳо хабар додааст.  Аввали ин ҳафта Олмон а Тоҷикистон 100800 воя ваксинаи AstraZeneca ваъда кард. Пештар аз он аз ИМА ва Чин ба Тоҷикистон садҳо ҳазор вояи CoronaVac ва Moderna расонда шудаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шумораи умумии эмшудагони зидди COVID-19 дар кишвар аз 1 миллион нафар гузаштааст. Читать дальше...

Кадом кишварҳо ба ҷоизадорони Олимпиадаи Токио-2020 пули бештар доданд?

Ozodi.org 

Маҷаллаи молиявӣ-иқтисодии Forbes феҳристи кишварҳоеро тартиб додааст, ки ба ҷоизадорони Олимпиадаи Токио-2020 аз ҳама зиёд пул пардохт кардаанд, хабар медиҳад "Спорт-Экспресс". Дар ин феҳрист Италия пешсаф аст, ки ба барандагони ҷоизаҳо 9,07 миллион доллар пардохт намудааст. Шумораи умумии медалҳои онҳо дар Токио-2020 чилто мебошад - 10 тилло, 10 нуқра, 20 биринҷӣ. Дар феҳристи Forbes ҷойи дувумро ИМА (7,84 миллион доллар бо 39 тилло, 41 нуқра, 33 биринҷӣ) касб кардааст. Фаронса (6,51 миллион доллар бо 10 тилло... Читать дальше...

Сооронбой Ҷеенбековро дар доираи парвандаи "Қумтор" бозпурсӣ карданд

Ozodi.org 

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти пешини Қирғизистон ба ҳайси шоҳид дар доираи парвандаи "Қумтор" бозпурсӣ шудааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки бозпурсӣ давраи сарвазирии Ҷеенбековро дар бар гирифтааст. КДАМ гуфт, нисбати вай тафтишот давом мекунад. Сооронбой Ҷеенбеков аз моҳи апрели соли 2016 то августи соли 2017 сарвазири Қирғизистон буд. Дар доираи парвандаи ҷиноии фасодкорӣ дар кони тилои "Қумтор"-и Қирғизистон бародари Сооронбой - Асилбек Ҷеенбеков, сарвазири дигари пешини он кишвар Омурбек Бабанов... Читать дальше...



Москва

Дмитрий Бикбаев готовит премьеру театрального проекта, основанного на личных переживаниях


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Концерт

Концерт в честь 90-летия Евгения Крылатова




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий


WTA

Азаренко вышла в четвертьфинал турнира WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Дмитрий Бикбаев готовит премьеру театрального проекта, основанного на личных переживаниях



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России