Боздошти як корманди "қалбакӣ"-и Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон
Як сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони қаллобӣ дастгир ва парвандаашро барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд. Мақомот мегӯянд, Парвиз Бобозодаи 34-сола худро маъмури Оҷонси зидидфасод муаррифӣ карда, барои ҳалли мушкили сокинон аз онҳо "тақрибан сесад ҳазор сомонӣ гирифтааст".