Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2021

11 медали варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олимпиадаи Токио-2020

0
11 медали варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олимпиадаи Токио-2020

Дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки дар Токиои Ҷопон то рӯзи 8-уми август идома хоҳад кард, инчунин варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доранд. То ҳоло онҳо дар Олимпиадаи Токио 11 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Мунтахаби Узбекистон феълан дар Олимпиадаи Токио дар байни кишварҳои минтақа натиҷаҳои хубтар дорад. Варзишгарони узбек то ҳоло 3 медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ду медали тиллоро Улуғбек Рашидов (таэквондо, -68 кг) ва Акбар Ҷӯраев (вазнабардорӣ, 109 кг) дар мусобиқаи мардон соҳиб шудаанд. Медали биринҷӣ ба Давлат Бобонов (ҷудо, -90 кг) марбут аст.

Мунтахаби Узбекистон дар муддати 25 соли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 34 медал (9 тилло, 6 нуқра ва 19 биринҷӣ) гирифтааст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Қазоқистон 95 варзишгар шомил аст. То имрӯз варзишгарони қазоқ соҳиби чор медали биринҷӣ гардидаанд: Камшибек Кункабоев (бокс, мардон, +91 кг), Елдос Сметов (ҷудо, мардон, - 60кг), Игор Сон (вазнабардорӣ, мардон, 61 кг), Зулфия Чиншаҳло (вазнабардорӣ, занон, 55 кг).

Мунтахаби Қазоқистон дар муддати 25 соли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 68 медал (15 тилло, 21 нуқра ва 32 биринҷӣ) гирифтааст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Қирғизистон дар Олимпиадаи Токио 17 варзишгар шомил аст. То ҳоло варзишгарони қирғиз се медал (2 нуқра ва як биринҷӣ) гирифтаанд: Акжол Маҳмудов (гуштии юнониву румӣ, мардон, 77 кг, нуқра), Айсулуу Тинибекова (гуштии озод, занон, 62 кг, нуқра), Меерим Жуманазарова (гуштии озод, занон, 68 кг, биринҷӣ).

Мунтахаби Қирғизистон дар муддати 25 соли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 7 медал (3 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтааст.

Туркманистонро дар Олимпиадаи Токио 9 варзишгар намояндагӣ мекунад. Полина Гурйева дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио дар мусобиқаи вазнабардорӣ миёни занон дар вазни то 59 килограмм медали нуқра ба даст овард. Ин аввалин медали Туркманистон дар таърихи ин кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон натавонист дар Олимпиадаи Токио медал бигирад. Ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Токио ноком шуданд. Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров ва Баҳодур Усмонов (ҳарсе оид ба бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов (ҳарчор оид ба ҷудо), Олимҷон Ишонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) дар Токио бе медал монданд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Умуман, мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ соли 2008 дар Пекин барои аввалин бор соҳиби ду медал - як нишони нуқра ва як биринҷӣ гардид. Медали нуқраро Юсуф Абдусаломов аз рӯи гуштии озод дар вазни то 84 кило соҳиб шуд. Медали биринҷиро Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кг ба даст овард, ки ин аввалин медали мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Бозиҳои олимпӣ ба ҳисоб меравад.

Соли 2012 дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон Мавзуна Чориева дар риштаи бокси занона дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, Тоҷикистонро ҳафт варзишгар муаррифӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Дилшод Назаров медал гирифт. Ӯ дар мусобиқоти ниҳоӣ гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард. Ин барои нахустин бор буд, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ шуд.





Губернаторы России
Москва

Между станциями метро и МЦД-4 Кутузовская открыт новый переход — Собянин





Москва

Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Свыше 5,2 миллиона жителей Московского региона получают набор социальных услуг в натуральном виде


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин рассказал о новых трамвайных линиях в Москве



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Джиган

Джиган, Оксана Самойлова, Виктория Боня и другие: ТНТ раскрывает дату премьеры нового сезона реалити «Выжить в Дубае. Возвращение»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Росгвардейцы обеспечили безопасность во время футбольного матча в Москве

Росгвардейцы обеспечили безопасность футбольного матча в Москве

В филиалах АО "Желдорреммаш" прошли мероприятия ко Дню защиты детей


Большой шлем

17-летний россиянин Даниил Саркисян разгромил Форбса из США на юниорском «Ролан Гаррос»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Обсуждается ход реализации в Мордовии проекта по производству преформ для вытяжки оптоволокна



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России