Суқути чархбол (вертолет) дар Ванҷ. "Як нафар ҷон бохта, чаҳор кас захмӣ шуд"
Як чархболи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар роҳ ба назди сайёҳони рус, дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, афтодааст. Як масъули ҳукумати ноҳия, рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин ҳодиса як нафар ҷон бохта, чаҳор каси дигар захмӣ шуданд."