Apple гуфт, ки чаро хадамот ва маҳсулоташ дар Тоҷикистон гарон аст
Сомонаи Apple Developer навишт, дар ҳоле ки дар қитъаҳои дигари олам арзиши хидматрасониву маҳсулоти ширкати Apple поин меравад, дар Гурҷистону Тоҷикистон рӯ ба болост. Сабаби афзоиши нархро ба гаронии андоз ё молиёт дар ин ду кишвар рабт доданд.