Озан Севимли -- намояндаи нави Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон
Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, аз 2-юми август иқтисодшиноси ботаҷриба Озан Севимли мудири нави барномаҳои ин ниҳоди байналмилалии молӣ дар Тоҷикистон таъин шудааст. Дар ин мақом ӯ Ян-Петер Олтерсро иваз кард, ки чор соли охир раҳбари дафтари БҶ дар ин ду кишвари Осиёи Марказӣ буд. Ба навиштаи дафтари матбуоти Бонки Ҷаҳонӣ, Озан Севимли аз соли 2005 ба ин сӯ дар вазифаҳои гуногуни ин сохтор дар кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ, Африқо, Амрикои Лотин ва минтақаҳои Кариб кор кардааст. Кори охирини ӯ пеш аз таъин шуданаш ба вазифаи раҳбари дафтари БҶ дар Тоҷикистону Туркманистон – намоянда дар Ямайка ва Гайана, ҳарду дар Амрикои Ҷанубӣ, будааст, ки буҷаи кориаш ним миллиард долларро ташкил медод. Худи Озан Севимли гуфтааст, ки аз таъиноти наваш хушнуд аст ва “бартарии кори БҶ дар моҳҳои оянда расондани беҳтарин ёрии мумкин ба ду кишвар дар заминаи эҳёи пасоковидӣ ва ҳалли мушкилоти иқтисодию тандурустӣ хоҳад буд. ”.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки аввали соли 2020 гирифта, ин ниҳод барои мубориза бо пандемияи COVID-19 ва дастгирии қишрҳои нодор 32,5 миллион доллар, аз ҷумла 8,63 миллион доллари ин маблағ барои эмгузаронии зидди COVID-19 ҷудо кардааст. Ба Туркманистон кӯмаки ин ниҳод 20 миллион доллар қарзро ташкил додааст.
Ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, кӯмакҳои молӣ ва таҳлилии ин ниҳод ба Тоҷикистон аз соли 2017 ба ин сӯ се баробар афзуда, аз 366 миллион ба 1,2 миллиард доллар расидаанд.