Афзоиши олудашавиҳо ба навъи делтаи COVID дар ИМА
Дар ИМА ҳолатҳои гирифторӣ ба навъи делтаи COVID-19 якбора боло рафта, омори бистаришавӣ дар беморхонаҳо дар шаш моҳи ахир рекордӣ шудааст. Бархе ҳолатҳои хуруҷи корорнавируси делта дар нуқоти ҷудогонаи кишвар ҳоло ба як мушкили саросари кишвар табдил шудааст. Сангинтарин манотиқи осебдида ҷануби ИМА буда, иёлоти Арканзас, Флорида, Луизиана ва Миссисиппи бештар аз ҳама даргири ин вирус мебошанд. Вирус инчунин дар минтақаҳое доман паҳн мекунад, ки нишондодҳои баланди эмгузаронӣ доранд. Дар қиёс бо аввали моҳи июл, шумори бистаришудаҳо чор баробар бештар буда, беш аз 65 ҳазор нафарро ташкил додааст. Омори марг рӯзона тахминан дар атрофи 500 нафар боқӣ мемонад ва ин нишондод дар ду ҳафтаи гузашта тахминан 100 фоиз бештар шудааст.
Ба иттилои Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА, аз 50 аёлат дар 38 ададаш мизони баланди олудашавӣ мушоҳида мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар ИМА 60 дарсади аҳолии аз 12-сола боло пурра эм шудаанд. Аксари кулли ҳодисаҳои нави олудаву бистаришавиҳову марг марбут ба қишри эмнашуда мебошад.