Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2021

Даъво сари як хона ба поён расид. Сокини Хуҷандро баъди 25 сол аз манзилаш берун карданд. ВИДЕО

0
Даъво сари як хона ба поён расид. Сокини Хуҷандро баъди 25 сол аз манзилаш берун карданд. ВИДЕО

Баҳси пурсарусадои атрофи як хона дар Хуҷанд ба поён расид. Тарафҳои баҳс ҳарчанд хешу таборанд, яке аз Тоҷикистон ва дигаре аз Исроил аст. Ахиран маълум шуд, ки хона дар моҳи июн барои зиндагии Елена Гринберг холӣ карда шуд.

Масъулони Хадамоти иҷрои қарорҳои додгоҳӣ дар вилояти Суғд гуфтанд, хонаро ба соҳиби аслиаш баргардонидаанд. Ба гуфтаи Алиҷон Амонзода, сардори намояндагии Хадамоти иҷро дар Суғд, борҳо ба Муқаддас Шамсиддинова муҳлат доданд, ки хонаро холӣ кунад, аммо дар вақти ҷудогардида талаботро иҷро накард.

Муқаддас Шамсиддинова, ки дар ин манзили воқеъ дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд 25 сол зиндагӣ кард, мегӯяд, танҳо барои сабт нашудани соҳибмулкияш, хонаи харидаашро аз даст дод.

Муомила ба замони ҷанги дохилии Тоҷикистон бармегардад. Он вақт соҳиби манзил тарки кишвар карда, хонаро дар ивази 1000 доллар ба хонаводаи Шамсиддинова супурд. Вале додани ҳуҷҷатҳои хонаро ба баъд гузоштаву ба Исроил рафта, дигар барнагаштааст.

Муқаддас Шамсиддинова, афзуд, "азбаски хонаводаи мо бо Гринберг Аркадий қудо (хешутабор) буд, бовар карда, бе забонхат маблағи хонаро додем. Ӯ он замон гуфта буд, ки ҳуҷҷатҳои хонаро ҳамсарам бо худ ба Исроил бурдааст ва ман ба Исроил мераваму бо почта ба Шумо мефиристам".

Муқаддас афзуд, 8 соли интизор шуд, вале санадҳо наомаданд ва ӯ соли 2003 аз идораҳои шаҳр барои хона шиносномаи фаннӣ гирифт. Баъд аз вафоти Аркадий Гринберг, духтараш Елена Гринберг соли 2016 барои пас гирифтани хона ҳамчун мероси падар ба додгоҳи Хуҷанд муроҷиат намуд. Вакилони ӯ дар додгоҳ исбот карданд, ки манзил харидуфурӯш нашудааст.

Равшаной Маҳкамова, вакили Елена Гринберг мегӯяд, тибқи санадҳои додгоҳӣ, Муқаддас Шамсиддинова аз аввал ҳамчун сокини муваққатӣ ба ин хона ворид шуда, вале то ҳол намехоҳад, хонаро ба соҳибаш баргардонад. Дар санадҳои додгоҳӣ ҳолатҳое низ тасдиқ карда шудааст, ки Муқаддас Шамсиддинова на ба давлат ва на ба соҳибхона Аркадий Гринберг маблағ насупоридааст.

Чаҳор соли охир мақомоти додгоҳӣ холӣ кардани хонаро талаб доштанд. Баъди онки шавҳари Шамсиддинова дар назди Додгоҳи Олӣ қасди худкушӣ кард, иҷрои амри додгоҳ ба таъхир уфтод.

Алиҷон Амонзода, сардори намояндагии Хадамоти иҷро дар Суғд мегӯяд, "ман он шаҳрвандро якчанд маротиба қабул карда будам, ҳама ҳуҷҷаташро омӯхта тавсияҳои ҳуқуқӣ низ дода будам. Новобаста аз он, ки нисбати худаш ҳукми суд дар марвиди иҷроиш қарор дошт. Аммо мо аз ваколати худ берун баромада наметавонем, вақте барои мо ҳуҷҷати иҷроиш ворид шавад, он қувваи қонунӣ мегирад. Санади судиро ягон кас ҳуқуқи нодуруст гуфтан надорад. Барои ҳамин, аз ҷониби иҷрочиёни шаҳри Хуҷанд санади судӣ иҷро шуд ва худи он зан низ талаботи қонунро фаҳмид".

Баҳсу даъвоҳо сари хона ва соҳибмулкӣ дар Тоҷикистон мероси ҷанги дохилии солҳои 1992 то 1997 аст. Ба иллати ҷанг садҳо нафар ба кишварҳои дигар кӯчида ё паноҳанда шуданд ва маскани онҳоро дигарон гирифтанд. Бархе аз онҳо солҳои баъд тавонистанд, хонаҳои худро пас гиранд, аммо шумори онҳое низ кам нест, ки гирифтори баҳсҳои дарози додгоҳӣ шудаанд.





Губернаторы России
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 5 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Пианист

Пианисту провели уникальную операцию в Воронеже




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Уимблдон

Елена Рыбакина удивила решением перед Уимблдоном



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Киев

Белый дом признал причастность к выработке «формулы мира» Киева



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






RSS Telegram
Copyright © 29ru.net