Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон як роҳи ҳалро барои баҳси марзӣ бо Тоҷикистон пешниҳод кард. ВИДЕО
Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон тахмин кардааст, ки як роҳи ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистон "даст кашидани ду ҷониб аз қаламравҳои даъвоӣ" буда метавонад. Руслан Қазоқбоев ин фарзияро дар суҳбат бо хабаргузории давлатии Русия - РИА Новости баён кард. Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накардааст.