Заҳро: Толибон нагузоштанд, ки ба ҷойи кор баргардам
![Заҳро: Толибон нагузоштанд, ки ба ҷойи кор баргардам](https://gdb.rferl.org/5d2c3fc3-04d5-4a55-a686-49e0b066eb0e_cx0_cy6_cw0_w800_h450.jpg)
Заҳрои 25-сола ду сол пеш Донишгоҳи шаҳри Ҳиротро бо тахассуси барномасозӣ ва бо умеди пайдо кардани кори муносиб ба поён расонд. Бо талоши зиёд дар бахши техникии яке аз корхонаҳои давлатӣ ба кор даромад, аммо тасаввур надошт, ки бо суқути шаҳри Ҳирот ба дасти Толибон аз кор кардан маҳрум мешавад.