Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2021

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо Баҳрайн ба Манама расид

0
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо Баҳрайн ба Манама расид

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон, ки барои баргузор кардани ду бозии дӯстона бо тими ҷавонони Баҳрайн (U-23) субҳи имрӯз, 1-уми сентябр, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе - Дубай - Манама сафар кард, ба пойтахти Баҳрайн расид. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев хабар дод.

Ба иттилои ӯ бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) ва Баҳрайн (U-23) рӯзҳои 3-юм ва 6-уми сентябр дар Манама баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстонаи футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Баҳрайн дар доираи омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 доир мегарданд.

То парвоз ба Манама мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар варзишгоҳи бошгоҳи футболи ССКА-и Душанбе се машғулияти тамринӣ анҷом дод.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомиланд. Ҳамлагари бошгоҳи «Торпедо-БелАЗ»-и Беларус Шаҳром Самиев ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Манама ҳамроҳ мешавад.

Бинобар омодагии дастаи «Истиқлол» ба бозии 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 муқобили тими «Персеполис»-и Эрон бозигарони бошгоҳи Душанбе ба дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон даъват нашуданд.

Ба ғайр аз ин, ба иллати маҳдудиятҳо дар бастагӣ бо пандемияи COVID-19 дар Малайзия ҳамлагари бошгоҳи «Пенанг» Шериддин Бобоев дар бозиҳои дӯстонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон иштирок намекунад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27-ум то 31-уми октябри имсол дар Душанбе барпо мегардад, дар гурӯҳи «В» рақобат хоҳад кард. Футболбозони ҷавони тоҷик 27-уми октябр бо мунтахаби Лубнон, 29-уми октябр бо дастаи Непал ва 31-уми октябр бо тими Эрон бозӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Баҳрайн:

Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Кӯктош»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Муҳаммад Саломзода («Кӯктош»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Шоҳрух Сангов («Файзканд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА), Исроил Холов («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Кароматулло Саидов, Абдулмуъмин Забиров, Далер Ёдгоров (ҳарсе аз «Хуҷанд»), Сорбон Авғонов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА), Хуршед Абдуллоев («Душанбе»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шуҳрат Элмуродов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.





Губернаторы России
Москва

Собянин: Начался прием заявок на конкурс грантов для социальных НКО





Москва

Два дня, наполненных театром, музыкой, книгами и наукой, — в Парке Горького во 2-й раз прошел Московский детский фестиваль искусств «НЕБО»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Начался прием заявок на конкурс грантов для социальных НКО



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Евгений Маргулис

«Пензенский Майкл Джексон»: Тимур Родригез стал героем шоу Квартирник НТВ у Маргулиса




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Генпрокуратура потребовала передать государству велотрек с Олимпиады-80

Баскетболисты из Лобни завоевали золото на турнире Moscow Open

Дмитрий Вязьмикин – тренер по индивидуальной подготовке молодежного футбола «Локо»


Анастасия Потапова

Потапова о поражении от Свентек на "Ролан Гаррос": организм дал сбой



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Симферополь

Арт-знакомство «Искусство должно давать счастье и радость»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России