Нархи сӯзишворӣ дар Суғд боз афзуд. Тоҷирон чизе намегӯянд, ронандаҳо нигаронанд. ВИДЕО
Дар охири моҳи июл нархи сӯзишворӣ дар шимоли Тоҷикистон тақрибан бист дарсад афзудааст. Дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ як литр газро наздик ба 6 сомонӣ ва дар ҷойҳои дигар аз он ҳам зиёдтар нарх гузоштаанд.