Умеду ноумедиҳо аз қонуни нави афв дар Тоҷикистон. «Сиёсиҳо» бахшида хоҳанд шуд? ВИДЕО
Пешниҳоди тарҳи қонуни афв ба порлумон бисёриҳоро ба озодии наздиконашон аз зиндонҳои Тоҷикистон умедвор кардааст. Аммо пайвандони онҳое, ки бо ангезаҳои сиёсӣ паси панҷара нишастаанд, танҳо ба эҳтимоли кам шудани муҳлати ҳабси онҳо чашмдоранд.